Дар Душанбе Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки 14-15-уми сентябри соли 2023 зери раёсати Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Ҳамчунин, дар ин рӯзҳо дар Душанбе баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба нақша гирифта шудааст. Гуфта мешавад, […]

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки 14-15-уми сентябри соли 2023 зери раёсати Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад.

Ҳамчунин, дар ин рӯзҳо дар Душанбе баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба нақша гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, ки дар кори саммитҳо иштироки президентҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дар назар аст.

“Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи корҳои марбут ба омодагӣ ҷиҳати баргузории вохӯриҳои сарони давлатҳои минтақаро оғоз кардааст. Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ба чорабиниҳои сатҳи олӣ зери роҳбарии Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода таъсис дода шуд, ки ба он роҳбарони вазорату идораҳо шомиланд. Ҳамчунин дар Вазорати корҳои хориҷӣ Котиботи саммитҳо фаъолият мекунад”, – зикр мегардад дар хабари ВКХ.

Таъкид мешавад, ки аз натиҷаи Вохӯрии панҷуми машваратӣ қабули якчанд санадҳои муҳим дар назар аст ва асоситарини он Изҳороти муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ хоҳад буд.

Дар доираи саммитҳои мазкур баргузории Форуми иқтисодӣ, Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти миллӣ, Вохӯрии аъзои Муколамаи занони пешвои Осиёи Марказӣ, Намоишгоҳи рассомон, Нахустин форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, Вохӯрии  вазирони нақлиёт ва Консерти тантанавии устодони фарҳанг ва санъати кишварҳои Осиёи Марказӣ ба нақша гирифта шудааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аввалин маротиба соли 2018 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор гардида, минбаъд соли 2019 дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон, соли 2021 дар шаҳри Авазаи Туркманистон ва соли 2022 дар шаҳри Чолпон – Отаи Қирғизистон сурат гирифта буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.