Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Ҷо Байден ба Амрико меравад

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ – ИМА (С5+1), ки қарор аст 19 ё 20-уми сентябр дар Амрико баргузор шавад, ширкат хоҳад кард. Дар ин бора ба ОИ “Азия-Плюс” аз Хадамоти матбуоти сарвари давлати Тоҷикистон иттилоъ доданд. Онҳо таъйид карданд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба ин чорабинӣ, ки дар чаҳорчӯби иҷлоси […]

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ – ИМА (С5+1), ки қарор аст 19 ё 20-уми сентябр дар Амрико баргузор шавад, ширкат хоҳад кард. Дар ин бора ба ОИ “Азия-Плюс” аз Хадамоти матбуоти сарвари давлати Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Онҳо таъйид карданд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба ин чорабинӣ, ки дар чаҳорчӯби иҷлоси Маҷмаи Умумии СММ баргузор мешавад, аз ҷониби раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден даъват шудааст.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ин сафар дар иҷлосияи Маҷмаи умумии СММ суханронӣ мекунад.

Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи ин манбаъ, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз 18 то 21-уми сентябр дар Амрико хоҳад буд.

Ёдовар мешавем, ки қолаби “Осиёи Марказӣ – ИМА” (С5+1) як платформаи муколама ва талошҳои муштараки Иёлоти Муттаҳида ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ мебошад. Он пас аз ҷаласаи нахустини вазирони корҳои хориҷӣ дар Самарқанд, дар моҳи ноябри соли 2015 таъсис ёфт. Ва пеш аз ин, онҳо дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ баргузор мешуданд. Ин маротибаи аввал аст, ки мулоқоти мазкур дар сатҳи президентҳо доир мешавад.

Бахшҳои асосии баҳс дар доираи ин ташаббус амният, иқтисод ва экология мебошанд.

Нишасти охирини вазирони корҳои хориҷӣ дар шакли “С5+1” рӯзи 28 феврал дар Остона баргузор шуд. Он замон ҷонибҳо тавсеаи равобити тиҷоративу иқтисодиро ҳам миёни кишварҳои минтақа ва ҳам бо Иёлоти Муттаҳида баррасӣ карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.