Таҳдиди 51 ҳазор сомонӣ ҷарима барои таҷлили зодрӯз

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Ду сокини минтақаи шимоли Тоҷикистон барои ташкили чорабиние, ки қонунгузорӣ манъ кардааст, метавонанд ба маблағи зиёд ҷарима шаванд, хабар медиҳад Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар нашри махсуси барномаи “Пайки Суғд”.

Яке аз вайронкунандагони қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим Гулбарг Акобирова – фурӯшандаи мағозаи “Абдулазиз” дар бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд мебошад: “ӯ ба муносибати ҷашни зодрӯзаш зиёфати пуршукӯҳ ташкил кардааст””, – чунин арзёбӣ мекунанд ин чорабиниро дар мақомоти милитсия.

Бино ба маълумоти Раёсати ВКД, ҷашни зодрӯз рӯзи 13 сентябр бевосита дар ҷойи кори зан – мағоза баргузор шуда, ӯ ба он ҳудуди 15 нафар занон, асосан ҳамкорони худро даъват кардааст.

Дар сабти видеоии барнома дида мешавад, ки мағоза бо пуфакҳо ва лавҳа бо навиштаҷоти “Зодрӯз муборак!” оро дода шуда, дар мизи ороста дар маркази мағоза анвои таъомҳои гуногун ва торти идона гузошта шудааст.

Гуфта мешавад, ин зан муқаррароти моддаи 8-и қонун дар бораи танзими анъана ва ҷҷашну маросимро, ки соли 2007 қабул ва соли 2017 сангинтар шудааст, риоя накардааст: тибқи тағйирот, зодрӯзро метавон танҳо дар доираи аҳли оила ҷашн гирифт.

“Ба шаҳрвнадони Тоҷикистон даъвати ҳамкорон ё каси дигар, ба ҷуз аъзои оила ба ҷашни зодрӯз манъ аст”, – хотиррасон мекунад мақомоти милитсияи Суғд.

Дар робита ба риоя накардани ин қонун, мувофиқи моддаи 481, қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон (Риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҶТ дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо), зан метавонад ба маблағи зиёд ҷарима шавад.

Дар гузориши видеоӣ дар бораи бо кадом қисми модда ҷазо додан ва маблағи ҷарима хабар дода намешавад.

Дар хадамоти матбуоти Раёсати ВКД дар вилояи Суғд зикр карданд, ки нисбати ӯ қисми дуюми моддаи 481 татбиқ мешавад, ки мувофиқи он ҳаҷми ҷарима 740 нишондиҳанда барои ҳисоб (1 нишондиҳанда – 68 сомонӣ)-ро ташкил медиҳад.

Ин қисми модда нисбат ба соҳибкорони инфиродӣ, ходимони дин ва муллоҳо мавриди амал қарор дода мешавад.

Ба ин тариқ, Гулбарг Акобирова бо ин қисми модда ҷарима мешавад, зеро ӯ соҳибкори инфиродӣ аст: барои ҷашни зодрӯзи худ ӯ метавонад 51 ҳазор сомонӣ (тақрибан 4600 доллар) пардохт кунад.

Ҷарима барои хатнасур

Дар гузориши видеоӣ ҳамчнуин дар бораи боз як ҳолати риоя накардани қонун дар бораи танзими ҷашну анъана ва маросим дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар дода мешавад.

Сокини маҳаллӣ Ҷасурбек Зуҳуров рӯзи 16 сентябр ба муносибати хатнасури писаронаш зиёфат додааст.

Тавре ки гуфта мешавад, Зуҳуров зиёда аз 150 нафар меҳмононро даъват кардааст, ки ин риоя накардани қонун буда, ба баргузории ин мароси танҳо дар доираи аҳли оила иҷоза дода мешавад.

Барои ин қонуншиканӣ ӯ метавонад дар ҳаҷми 110 нишондиҳанда барои ҳисоб – 7480 сомонӣ ҷарима шавад.

Қобили зикр аст, ки қаблан дар Тоҷикистон қонунҳое ба тасвиб расиданд, ки баргузории ҷашнҳо, аз ҷумла ҷашни зодрӯзу дигар маросимҳоро маҳдуд мекунанд. Мақомот инро чунин шарҳ медиҳанд, ки маҳдудиятҳо ба шаҳрвандон дар сарфаи пул, ки метавонанд барои эҳтиёҷоти дигари оила харҷ намоянд, кумак мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...