Савдои дуҷониба байни Тоҷикистону Қирғизистон то 8 млн доллар поин рафт

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ каме бештар аз 8 млн долларро ташкил додааст, хабар медиҳад Агентии омори Тоҷикистон. Ин нишондиҳанда 32,6% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.

Зиёда аз 95%-и ҳаҷми мумилоти мол байни ду кишвар давоми моҳҳои январ-сентябр ба воридоти молу маҳсулот аз Қирғизистон рост омада, маблағи умумии он зиёда аз 7,6 млн долларо ташкил медиҳад.

Ҳиссаи савдои дуҷониба байни Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳаҷми умумии савдои берунаи Тоҷикистон дар ин давра (беш аз 5,1 млрд доллар) ба ҳудуди 0,2% баробар аст.

Ёдрас мекунем, ки сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон бо масофаи ҳудуди 1 ҳазор километр қариб 2,6 сол баста аст: аввали моҳи майи соли 2021 Қирғизистон пас аз задухӯрди мусаллаҳона дар қаламравҳои наздимарзӣ якҷониба сарҳадашро бо Тоҷикистон баст.

Мавҷуд будани савдои дуҷонибаро байни кишварҳо дар ҳоли баста будани сарҳад сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон Хуршед Каримзода моҳи июли соли 2022 чунин шарҳ дод, ки он тариқи кишварҳои сеюм, асосан тавассути қаламрави Ӯзбекистон сурат мегирад.

Бе ин ҳам ҳаҷми савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон то баста шудани сарҳадҳо низ начандон назаррас буд.

Тибқи маълумоти Агентии омори ҶТ, соли 2019 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни кишварҳо 54,2 млн долларро ташкил дода, ҳамагӣ ба 1,2% аз ҳаҷми умумии савдои хориҷии Тоҷикистон баробар буд. Он замон ҳудуди 80%-и ҳаҷми савдои дуҷониба ба интиқоли мол аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ва каме бештар аз 20% ба содирот аз Тоҷикистон рост меомад.

Аз Қирғизистон ба Тоҷикистон асосан ангишт, маҳсулоти нафтии Русия, баъзе маҳсулоти хӯроквории Қазоқистон, маҳсулоти ниёзи умумие, ки тоҷирони тоҷик аз бозори маъруфи Дордойи Бишкек мегирафтанд, ворид карда мешуд. Интиқол аз Тоҷикистон дар навбати аввал аз маҳҳсулоти кишоварзии гуногун, аз ҷумла сабзавоту мева, инчунин баъзе навҳои масолеҳи сохтмон иборат буд.

Қобили зикр аст, ки баста шудани сарҳад ба сатҳи некӯаҳволии аҳолии минтақаҳои наздимарзӣ, ки робитаҳои чандинасраи тиҷоратӣ доштанд, таъсири назаррас расонид. Дар қаламравҳои ҷудогона бозорҳои наздимарзӣ фаъолият доштанд, ки онҳо метавонистанд молу маҳсулоти заррурӣ хариду фурӯш кунанд.

Ба гунаи мисол, сокинони ҳарду кишвар рӯзҳои сешанбе дар бозори деҳаи Аркаи вилояти Ботканд ва рӯзи якшанбе – дар бозори деҳаи Хистеварзи вилояти Суғд хариду фурӯш мекарданд.

Дар соли 2022 ҳаҷми савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон дар муқоиса бо соли 2019 3,6 маротиба – то 15 млн доллар поин рафт, ки 0,2% аз ҳаҷми умумии гардиши моли хориҷии Тоҷикистон дар соли гузашта баробар буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...