“Бародаронам бадрашканд ва ҳамеша маро ҳамроҳӣ мекунанд”. Аз хандаҳои самимӣ то гиряи Ёсамин Давлатова

Asia-Plus

Ёсамин Давлатова, овозхони ҷавони тоҷик ба меҳмонии радиои “Азия-Плюс” омад ва дар бораи навгониҳои корномаи худ, даврони кӯдакӣ, ҷавонӣ ва интихоби бахт, инчунин перомуни баргузории тӯяш дар кӯча қисса кард.

Ёсамин мегӯяд, ки суруди “Кабӯтар” ӯро байни мардум шинохта кард ва барои нафароне, ки ин сурудро барояш пешниҳод карданду барои омода шуданаш кӯмак намуданд, изҳорӣ сипос мекунад.

Ба нақли ӯ, матни суруди “Кабӯтар” хеле зуд дар зеҳнаш ҷо гирифт ва ҳамоно сароидани ин суруд барояш писанд аст.

“Ҳоло ният дорам, ки суруди “Кабӯтар”-ро бо сарояндаи ӯзбек Ҷамбул якҷо сароем”, – мегӯяд Ёсамин Давлатова.

“Миёни писарон калон шудам”

Ёсамин мегӯяд, ки кӯдакияш хеле ширин ва фаромӯшношуданӣ гузаштааст. Ӯ духтари ягонаи хонадон буда, ба қавли худаш, байни писарон ба воя расидааст.

“Кӯдакиям ширин, мисли филми тасвирӣ буд. Маро модарбузургам ба воя расонидаанд. Ман мисли дигар духтаракон дар хурдӣ бо лӯхтак бозӣ намекардам, балки бо “рагатка” бозӣ мекардам. Хислатҳои шӯх доштам”, – бо ханда ба ёд меорад овозхони ҷавон.

Бародарони бадрашки Ёсамин

Ёсамин Давлатова ду бародар дорад ва ба қавли худаш, онҳо хеле бадрашканд. Ӯ нақл мекунад, ки хеле мехост, ки дар чорабиниҳои фароғатии мактаб ширкат кунад ва суруд сарояд, вале бародаронаш ин корро ба ӯ манъ карда буданд.

“Ман аз хурдӣ то ҳол дугона надорам. Писаре ба ман аз тарс наздик намешуданд. Ва ҳатто вақте дар синфи 11 таҳсил мекардам, телефони ҳамроҳ надоштам. Ҳоло мефаҳмам, ки бародаронам барои ояндаи худам бо ман чунин рафтор мекарданд. Ҳоло аз минбар барои онҳо сипос мегӯям, ки маро чунин тарбият намуданд”, – мегӯяд Давлатова.

Ҳоло бошад, Ёсамин ҳар ҷойе биравад, бародаронаш ҳамроҳаш ҳастанд ва ӯро ҳамвора дастгирӣ мекунанд.

Як рози Ёсуман

Ёсамин як рози муваффақияташро ба ниҳоят хоксор буданаш рабт медиҳад. Ӯ мегӯяд, ки ҳамвора кӯшиш мекунад, то дар намоҳангҳояш аз саҳнаҳои оддӣ кор гирад.

“Мардуми тоҷик хоксор аст ва хоксориро дӯст медорад. Худам низ хоксорам, чун маро чунин тарбият кардаанд. Шояд аз ин рӯ, имрӯз маро мардум хеле зиёд дастгирӣ мекунанд ва бо дастгирии онҳо ба ин зинаҳо расидаам”, – иброз медорад овозхон.

Вафоти падар…

Ёсамин мегӯяд, гарчанде соле пеш падараш бандагӣ карда бошад ҳам, вале дуоҳои падар ҳамеша бо ӯст. Чун духтари ягонаи хонадон хеле назди падар “эрка” буд.

“Духтари шӯхи ман, ҷони падар, ҳар ҷое бошӣ, бидон, ки фариштае дорӣ ва ҳеҷ гоҳ танҳо нестӣ”, – охирин суханони падарро ёд оварда мегиряд Ёсамин.

Ба ақидаи ин овозхон, санъат ҷойи бадхоҳон нест ва санъат ҳунарест, ки  Худованд ба ҳар кас насиб намекунад: “Бо дили соф, бо роҳи рост амал намудан лозим аст. Бархеҳо бароям гуфтанд, ки роҳи санъат хеле мушкил аст. Бояд бигӯям, ки аз ҳеҷ мушкили зандагӣ наметарсам, ҷуз Худо”.

Ҳамсафари зиндагии Ёсуман бояд санъаташро қабул кунад

Ёсамин Давлатова мегӯяд, мардеро ҳамсафари зиндагӣ интихоб мекунад, ки санъат ва ҳунари ӯро қабул кунад ва интихоби ӯро эҳтиром намояд.

“Марде, ки санъати маро интихоб накунад, ман ӯро интихоб намекунам. Агар санъати маро қабул кард ва дастгирӣ намуд, тамоми ҷону дилу нафасу ҳаётам аз ӯст”, – таъкид мекунад овозхон.

Як орзуи дигари ӯ ин аст, ки тӯяшро дар кӯча баргузор намоям, на дар тарабхона ва мехоҳад ҳама мухлисонаш дар шодияш шарик шаванд.

Қиссаҳои дигари Ёсамин Давлатоваро дар ин ҷо бубинед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...