Интернети ройгону чиптаҳои тахфифӣ. Донишҷӯёни тоҷик чӣ имтиёзҳо доранд?

Меҳрангез Султонзода, махсус барои Asia-Plus

Дирӯз, 17-уми ноябр, донишҷӯёни тамоми ҷаҳон ҷашни худро таҷлил карданд. Дар Тоҷикистон таҷлили ин рӯз маъмул нест, аммо мо тасмим гирифтем дар робита ба ин рӯз ду матлаб таҳия намоем, ки яке дирӯз таҳти унвони “Идрорпулӣ каму хароҷот зиёд. Донишҷӯи тоҷик дар як моҳ чанд сомонӣ сарф” нашр гардид ва инак матолиби дуюм оид ба имтиёзҳои донишҷӯён аст.

Бояд гуфт, ки дар аксари давлатҳо барои донишҷӯён имтиёзҳо мавҷуданд. Барои мисол, дар Германия донишҷӯён метавонанд ҳамагӣ бо арзиши 300 евро тӯли як сол дар ҳудуди кишвар сайёҳат намоянд. Донишҷёни 135 кишвари ҷаҳон бошад, тариқи корти ISIC ба 42 000 номгӯи тахфифҳои гуногун дар саросари ҷаҳон дастрасӣ доранд.

Осорхонаи миллӣ

Осорхонаи миллии Тоҷикистон махсус барои донишҷӯён чиптаи имтиёзнок пешниҳод мекунад. Арзиши чиптаи одӣ дар осорхона 7 сомонӣ буда, барои донишҷӯён нархи он 5 сомонӣ аст. Чиптаи донишҷӯӣ барои сайёҳат дар тамоми ҳудуди осорхона пешбинӣ шуда, бо пешниҳоди билети донишҷӯӣ дода мешавад.

Кинотеатри “Наврӯз”

Дар кинотеатри “Наврӯз” чанд муддат аст, ки иқдоми “Донишҷӯ” фаъолият мекунанд. Рӯзҳои душанбе, сешанбе ва чоршанбеи ҳар ҳафта донишҷӯён метавонанд ҳамагӣ бо нархи 25 сомонӣ меҳмони ин кинотеатр гарданд. Барои ин, дар рӯзҳои муқарраргардида мебояд бо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи донишҷӯӣ ба нуқтаи фурӯши чиптаҳо ҳозир шуда, мувофиқи ҷадвали ҳамонрӯза, ба филми дилхоҳашон чиптаро бо нархи тахфифӣ харидорӣ намоянд. Барои дигарон бошад, арзиши чиптаҳо аз 35 то 75 сомониро ташкил медиҳад.

Корти нақлиётии “City Card”

Лоиҳаи “City Card” барои донишҷӯён 3 номгӯи тарофаҳои имтиёзнокро пешниҳод кардааст. Ҳангоми интихоби тарофаи “Донишҷӯ” дар корти нақлиётӣ ва дар ҳаҷми зиёда аз 90 сомонӣ пур кардани суратҳисоби он, 30% тахфиф дода мешавад.

Ҳамчунин “City Card” барои донишҷӯён тарофаҳои “Нимсола” ва “Солона”-ро пешкаш мекунад. Дар ҳолати ба ҳисоби корт пардохт намудани 300 сомонӣ барои “Донишҷӯ Нимсола” ва 520 сомонӣ барои “Донишҷӯ Солона” арзиши роҳкиро арзонтар шуда, он дар як рӯз, новобаста аз шумораи сафарҳо, ба 1 сомонию 18 дирам тариқи тарофаи “Донишҷӯ Нимсола”  ва 1 сомонию 3 дирам ба воситаи тарофаи “Донишҷӯ Солона” баробар мегардад. Бидуни ин тарофа арзиши роҳкиро баландтар буда, дар як сафар 1 сомонию 80 дирамро ташкил медиҳад.

Ширкати алоқаи мобилии “Tcell”

“Тcell” барои донишҷӯёни ҳамаи зинаҳо “Стипендияи бунафшранг”-ро роҳандозӣ менамояд. Мувофиқи иқдоми нави ширкат, донишҷӯёне, ки сессияро бо баҳои 4 ва 5 ҷамъбаст мекунанд, метавонанд соҳиби стипендия дар шакли интернет гарданд.

Барои донишҷӯёни аълохон “Тcell” дар муддати 6 моҳ, ҳар моҳ ба андозаи 5000 МБ интернет туҳфа мекунад. Онҳое, ки баҳои 4 низ доранд, муддати 6 моҳ, тариқи “Стипендияи бунафшранг” моҳе 3000 МБ интернет хоҳанд гирифт. Дар сурати харидорӣ, арзиши 3000 МБ интернет 40 сомонӣ ва 5000 МБ 60 сомониро ташкил хоҳад дод.

Барои дарёфти стипендияи мазкур ба донишҷӯ лозим аст, ки бо дафтарчаи имтиҳонотӣ ба марказҳои хизматрасонии “Тcell” муроҷиат кунад.

Ширкати алоқаи мобилии “Zet-Mobile”

“Zet-Mobile” низ барои донишҷӯён дар самти алоқаи мобилӣ ва интернет имтиёз пешниҳод мекунад. Иқдоми “Донишҷӯ”-и ширкат ба донишҷӯён имкон медиҳад ки ба бастаи интернетии “Вазнин” бо трафики дукарата ва “Опсияҳои бемаҳдуд” бо 50% тахфиф пайваст шаванд.

Барои ин, ба мизоҷон лозим аст, ки бо дафтарчаи имтиҳонотӣ ба марказҳои хизматрасонии “Zet-Mobile” муроҷиат намоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...