Аз Панҷакент то Самарқанд роҳи оҳан сохта мешавад

Asia-Plus

Барои рушди соҳаи сайёҳии Тоҷикистону Ӯзбекистон байни шаҳрҳои Панҷакент ва Самарқад роҳи оҳан сохта мешавад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти ҳукумати шаҳри Панҷакент ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, дар ҳукумати шаҳр бо собиқадорони соҳа, мутахассисон ва дигар шахсони масъул машварати корӣ доир шуда, бунёди роҳи оҳан миёни Панҷакент ва Самарқанд баррасӣ шудааст.

“Мақсади бунёди роҳи оҳан рушд додани соҳаи сайёҳӣ мебошад. Хатти ҳаракати роҳи оҳан истгоҳи Панҷакент (Тоҷикистон) – истгоҳи Булунғур – истгоҳи Ҷамбай – истгоҳи Фабрика (Ӯзбекистон) пешбинӣ шудааст”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Ӯ афзуд, ки ҳоло барои бунёди роҳи оҳан аз ҳарду ҷониб гурӯҳҳои корӣ ташкил шуда, ҳуҷҷатгузорӣ ҷиҳати омода намудани лоиҳаи роҳи оҳан идома дорад.

Манбаъ гуфт, ки бунёди роҳи оҳани Панҷакент – Самарқанд дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ба нақша гирифта шуда буд, вале бо сабабҳои номаълум он вақт ин роҳи оҳан сохта нашуд.

Дар машварати корие, ки гузашт, собиқадорони соҳа аз мавҷуд будани ҳуҷҷатгузориҳо барои сохтмони роҳи оҳани Панҷакент – Самарқанд, ҷудо гардидани замин барои бунёди пойгоҳи роҳи оҳан дар ҳудуди ноҳияи Ҷомбойи вилояти Самарқади Ӯзбекистон дар давраи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва дигар масъалаҳо ҳарф зада, ба мутахассисону масъулин ҷиҳати тезонидани кор дар ин самт пешниҳоди худро ироа карданд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи июни соли 2021 зимни мулоқоти муовинони вазирони нақлиёти Тоҷикистону Ӯзбекистон Шоиста Саидмуродзода ва Абдусамат Мӯъминов лоиҳаи сохтани қитъаи роҳи оҳани Панҷакент – Самарқанд муҳокима шуда буд.

Бояд гуфт, ки масофа аз маркази шаҳри Панҷакенти Тоҷикистон то маркази шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон қариб 60 км буда, тавассути нақлиёт метавон онро дар 1 соат тай кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...