Силсилафилми Дом. Шакли пурраи онро тамошо кунед

Нахустнамоиши ҳамаи қисмҳои силсилафилми “Дом” ба анҷом расид ва ҳамакнун, ин филмро дар шакли пурра метавон дар саҳифаи “Азия-Плюс” дар шабакаи YouTube тамошо кард. Силсилафилми “Дом”-ро дар сомонаи “Азия-Плюс”, саҳифаҳои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва YouTube беш аз 2 миллион нафар тамошо карда, аз он истиқбол намуданд. Бисёре аз тамошобинон ҳатто пешниҳод карданд, ки сабти […]

Asia-Plus

Нахустнамоиши ҳамаи қисмҳои силсилафилми “Дом” ба анҷом расид ва ҳамакнун, ин филмро дар шакли пурра метавон дар саҳифаи “Азия-Плюс” дар шабакаи YouTube тамошо кард.

Силсилафилми “Дом”-ро дар сомонаи “Азия-Плюс”, саҳифаҳои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва YouTube беш аз 2 миллион нафар тамошо карда, аз он истиқбол намуданд. Бисёре аз тамошобинон ҳатто пешниҳод карданд, ки сабти филм идома дода шавад.

Бояд гуфт, филми мазкур, ки зернавишт бо забони русӣ дошт, на фақат дар Тоҷикистон, балки берун аз он, дар Ӯзбекистон, Русия ва дигар кишварҳои ИДМ ҳаводорони худро пайдо кард ва хуш қабул гардид.

Филм аз шаш қисм иборат буда, дар бораи чӣ гуна ба Душанбе омадани духтари ҷавону соддаи музофотӣ Малика нақл мекунад. Ӯ дар талоши дарёфти пул барои табобати падари бемораш ба дасти қаллобон афтода, бо баҳои ҷон бо онҳо мубориза мебарад.

https://www.youtube.com/watch?v=playlist?list=PLlkKQhZTN7rjdHCive6zYRJdLET0cXOBv

 

Барои “Азия-Плюс” ин аввалин таҷрибаи таҳияи силсилафилми комил буд. Тиме, ки барои таҳияи филм муттаҳид шуда буданд, кори худро воқеан самимона ва ҳирфаӣ анҷом доданд.

“Таҳияи силсилафилм ва рушди ин бахш дар Тоҷикистон орзуи деринаи ман аст. Солҳои охир дар кишвар силсилафилмҳои гуногун ба навор гирифта мешаванд, аммо хуб мешуд, ки дар силсилафилмҳо Тоҷикистони кунунӣ, барои ҳамаи мо ошнову азиз тасвир ёбад. Ва мо тамоми кӯшишро анҷом додем, то дар силсилафилми “Дом” ин нукта мадди назар бошад”, – мегӯяд продюсери силсилафилм Исмоил Зебоӣ.

Ҷараёни сабти силсилафилм басо ҷолиб буд. Ҳунармандон дар барои ҷиддияту ҳирфаият, ҳамчунин барои вақтхушиву шӯхӣ низ вақт пайдо карданд, ки дар наворҳои паси парда дидан мумкин аст.

Бароятон тамошои гуворо таманно дорем ва хотиррасон мекунем, ки қаллобон дар интернет аз усулҳои гуногун моҳирона истифода бурда, сомонаҳои қалбакӣ месозанд ва ваъда кори хубу пули зиёд дода, одамони зудбоварро фиреб медиҳанд. Аз ин лиҳоз, худ ва наздиконатонро аз чунин чунин қаллобон ҳифз кунед то ба доми фиреб наафтед.

Филм бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо дар доираи лоиҳаи Internews “Пойдорӣ ва ҳамкорӣ бо иттилооти гуногуншакл барои муҳити рушдкунанда” (REVIVE) таҳия шудааст. Муҳтавои филм ба зиммаи “Азия-Плюс” вогузор шуда, мавқеи Иттиҳоди Аврупоро инъикос намекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.