Эмомалӣ Раҳмон ба Русия сафар кард

Имрӯз, 21 ноябр, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо як сафари расмӣ ба Русия парвоз намуд. Хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ медиҳад, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар муовини сарвазири Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони мудофиа, корҳои дохилӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. Қаблан сухангӯи раиси […]

Asia-Plus

Имрӯз, 21 ноябр, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо як сафари расмӣ ба Русия парвоз намуд.

Хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ медиҳад, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар муовини сарвазири Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони мудофиа, корҳои дохилӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Қаблан сухангӯи раиси ҷумҳури Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод, зимни ин сафар Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин, Президенти Русия ва Михаил Мишустин, сарвазири Русия мулоқот хоҳад кард.

Бояд гуфт, ки мулоқоти охири Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин моҳи октябри соли ҷорӣ дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон, қабл аз нишасти Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ, баргузор шуда буд.

Сафари расмии Президенти Русия ба Тоҷикистон бошад, моҳи апрели соли 2019 сурат гирифта буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.