Ҷашни Сада, ҳунари бофтани атласу адрас ва зарҳалкорӣ ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар ду рӯзи охир ҷашни Сада, ҳунари бофтани атласу адрас ва зарҳалкорӣ ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, рӯзи 4-уми декабр дар шаҳри Касанеи Ботсвана иҷлоси 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ба кори худ шурӯъ кард.

Дар чорабинии мазкур намояндагони кишварҳои узви Конвенсия оид ба ҳифзи ёдгориҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ иштирок доранд.

“5-уми декабр зимни иҷлос номинаи мустақими Тоҷикистон “Анъанаи бофтани атласу адрас” мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардид”, – менависад ВКХ Тоҷикистон.

Манбаъ меафзояд, ки имрӯз, 6-уми декабр, номинаи муштараки Тоҷикистон ва Эрон – “Ҷашни Сада” ва номинаи муштараки Тоҷикистон, Эрон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Туркия – “Тазҳиб – санъати зарҳалкорӣ” ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки бофтани атласу адрас яке аз қадимтарин ҳунарҳои халқи тоҷик мебошад ва ҳанӯз занону бонувони тоҷик ин гуна либос мепӯшанд.

Ҷашни Сада ҳам яке аз ҷашнҳои эронитаборон ва мардуми форсизабон аст, ки дар оғози шомгоҳи 10-уми баҳманмоҳ (30-юми январ бо тақвими мелодӣ) баргузор мешавад. Ин рӯзро Обонрӯз ҳам мегӯянд.

Санъати зарҳалкорӣ бошад, яке аз ҳунарҳои рушдкардаи мардуми бумии Осиёи Марказӣ ва кишварҳои ҳамсояи он мебошад ва дар Тоҷикистон ин анъана аз насл ба насл гузашта меояд.

Ёдовар мешавем, ки иҷлоси 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО то 9-уми декабр идома меёбад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...