Дар Тоҷикистон 27 нафар боздошт ва зиндонӣ шудаанд. Барои “таблиғи порнография” ё “ҳамҷинсгароӣ”?

Asia-Plus

Пайвандони як гурӯҳ шаҳрвандон, ки бо ҳукми додгоҳ барои “таблиғи порнография” дар Тоҷикистон аз 5 то 8 сол зиндонӣ шудаанд, барои бозбинии ҳукм ва раҳоии онҳо аз ҳуқуқдонҳо мадад хостаанд. Муроҷиати онҳо рӯзи дувуми декабр дастрас шуд.

Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад.

Як вакили мудофеи маҳкумшудаҳо рӯзи 6-уми декабр ба ин расона гуфтааст, “шумораашон 27 нафар аст” ва “онҳо дар натиҷаи амалиёт дар моҳҳои апрел, май ва июн дар нуҳ минтақаи ҷумҳурӣ дастгир шуданд”.

Ба иттилои ҳамин манбаъ, ҳукм дар охири моҳи июни имсол баромадааст. Шарҳи расмии он дастрас нест.

Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар робита ба амалиёти боздошти 27 кас изҳори бехабарӣ кардаанд. Дафтари матбуоти ВКД рӯзи 6-уми декабр гуфтааст, “дар махзани хабарҳои вазорат чунин иттилоъ нест”.

Ин дар ҳолест, ки як манбаи огоҳ аз қазия ба Радиои Озодӣ гуфтааст, “ин афрод дар асл ба гумони ҳамҷинсгароӣ дастгир шуда, чун дар қонун дар ин бора банди махсус нест, бар асоси таблиғи порнография ҷазо гирифтаанд”.

Радиои Озодӣ менависад, ки натавонист ба таври мустақилона ин хабарро тасдиқ кунад. Волидони маҳкумшудаҳо низ ҳодисаро шарҳ надодаанд.

Вакили дифое, ки ин расона бо ӯ ҳамсуҳбат шудааст, ба далели амниятӣ ва ахлоқӣ номи волидон ва шахсони зери ҳимояашро фош накардааст. Аммо тасдиқ кардааст, ки “ин афрод дар як гурӯҳи пӯшидаи интернетӣ ба якдигар аксу видеои аъзои таносул ва маълумотро дар бораи худ фиристода, амали ҳамҷинсгароёна анҷом медодаанд”.

“Намояндагони мақомот дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ гуфтанд, ки ба муносибати ҳамҷинсгароии онҳо кор надоранд, аммо намебоист аксу видеои аъзои баданро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ташвиқ мекарданд. Бинобар ин, 27 нафарро бар асоси қисми сеи моддаи 241-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (паҳни маводи порнографӣ ба воситаи шабакаҳои интернетӣ) гунаҳкор донистанд”, – гуфтааст вакили дифоъ.

Ба қавли ӯ, волидони маҳкумшудаҳо онҳоро бегуноҳ медонанд ва мунтазири бозбинии ҳукм ҳастанд.

Дар гузашта баъзе аз афроди “ҳамҷинсгаро” дар Тоҷикистон асосан ба гуноҳи паҳн кардани бемории норасоии масунияти бадан ё “ВИЧ/СПИД” дастгир шудаанд, вале боздошти гурӯҳии онҳо камсобиқа мебошад.

Омори дақиқи ҳамҷинсгароён дар Тоҷикистон маълум нест. Бунёди глобалии мубориза бо СПИД соли 2015 мардону занони ҳамҷинсгароро дар Тоҷикистон наздик ба 30 ҳазор шумурда буд.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон соли 2017 феҳрасти беш аз 300 узви ҷомеаи ҳамҷинсгароҳоро тартиб дода гуфтанд, ки онҳо ба “гурӯҳи хатар” ё риск шомил ҳастанд. Баъд аз он ки феҳраст мавриди нигарониву маҳкумияти гурӯҳҳои ҳуқуқи башар қарор гирифт, мақомот гуфтанд, феҳрастро бо ҳадафи таъмини амнияти онҳо тартиб додаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...