Як сокини Конибодом модарашро бо зарби 136 корд куштааст

Asia-Plus

Дар Конибодом марди 32-сола бо иттиҳоми куштори модараш бо бераҳмии хос боздошт шудааст. Ин мард модари 65-солаи худро 136 маротиба корд задааст.

Ба иттилои гузориши “Милитсия хабар медиҳад”, муноқиша миёни Шаҳриёр Норматови боздоштшуда ва Халимаҷон Норматоваи ҷонбохта рӯзи 24-уми ноябр рух додааст.

Сабабҳои муноқиша байни модару писар маълум нест, вале худи Шаҳриёр Норматов дар гузориши мазкур дар бораи куштани модараш муфассал сӯҳбат кардааст.

“Кордро гирифта, ба назди ман омаданд ва мехостанд маро зананд. Аммо кордро аз дасташон гирифта, як маротиба ба рӯяшон задам. Баъд – дар шикамашон, дасташон, гарданашон ва сарашон задам… Афтиданду мурданд”, – мегӯяд Шаҳриёр Норматов.

Дар ин хабар гуфта мешавад, ки Шаҳриёр Норматов ба ҷисми модараш 136 зарбаи корд задааст.

Инчунин, ӯ барои пӯшонидани осори ҷиноят, либоси хунолудаи модари кушташударо иваз карда, ба ҳуҷрааш бурда, хобонда, хуни фарш ва корди истифодашударо шуста, тоза кардааст.

“Баъди як рӯз Норматов ба хешовандонаш дар бораи марги ногаҳонии модараш хабар медиҳад, аммо аломатҳои марги маҷбурӣ ва захми аёни гардани майит ба гумони “марги ногаҳонӣ” шубҳа овард. Тафтишот асли воқеаро рӯшан сохт”, – гуфта мешавад дар хабар.

Зикр мегардад, ки ин зан аз бемории рӯҳӣ ранҷ мебурд ва аз соли 1993 дар қайди беморхонаи рӯҳии маҳалли зисташ сабти ном шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, таъкид мешавад, ки худи Шаҳриёр Норматов дар қайди беморхонаи рӯҳии маҳалли зисташ сабти ном нашудааст, вале вазъи равонии ӯ ташхис карда мешавад.

Нисбати Шаҳриёр Норматов бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Барои куштор бо бераҳмии шадид ба ӯ то 25 соли зиндон ё ҳабси абад таҳдид мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...