Аввал шаҳрвандӣ, баъд кумакпулӣ. Путин қонунеро имзо кард, ки ба тоҷикони соҳиби шаҳрвандии Русия низ дахл дорад

Asia-Plus

Президенти Русия Владамир Путин қонунеро имзо кард, ки мувофиқи он кумакпулӣ ба модарон (материнский капитал) танҳо ба касоне дода мешавад, ки дар замони таваллуди кӯдак шаҳрвандии Русияро дошта бошанд. Санади дахлдор дар ин хусус дар портали иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст.

Мувофиқи ин қонун, аз 1-уми январи соли 2024 кумакпулӣ барои модарон танҳо дар ҳолате дода мешавад, ки дар замони таваллуд ӯ шаҳрванди Русия бошад ва волидони ӯ шаҳрвандии Русияро дошта бошанд.

“Ин маънои онро дорад, ки ӯ дар оилае таваллуд мешавад, ки ҳадди ақалл яке аз волидонаш шаҳрвандии Русияро дошта бошанд”, – гуфта мешавад дар шарҳи қонун. Агар ҳангоми таваллуди кӯдак падар ё модари ӯ соҳиби шаҳрванди Русия набошанд кумакпулӣ пардохта намешавад.

Қаблан вакили Думаи давлатӣ Нина Останина дар суҳбат бо “Лента.ру” изҳор дошта буд, ки қонун дар бораи пардохти кумакпулӣ барои модарон ба сифати тадбир ҷиҳати афзоиши мизони таваллуд ва беҳбуди вазъи демографӣ қабул шуда буд. Пардохтҳо ба кӯдаконе, ки волидонашон шаҳрванди кишвар нестанд, ба ҳеҷ ваҷҳ ба вазъи демографӣ дар Русия кумак намекунад.

Ба гуфтаи ӯ, дар Русия сайёҳӣ ба хотири таваллуд хеле маъмул аст. Шаҳрвандони Қирғизистону Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба кишвар меоянд. Кӯдак бо ҳуқуқи таваллуд шаҳрванди Русия мешавад, лекин азбаски волидон шаҳрвандони кишварҳои дигар боқӣ мемонанд,  ин ба афзоиши теъдоди аҳолии Русия мусоидат намекунад.

Кумакпулӣ барои модарон барномаи давлатиест, ки барои дастгирии оилаҳои Русия қабул шудааст ва муҳлати амали он аз 1-уми январи соли 2007 то 31-уми декабри соли 2026 пешбинӣ шудааст.

Дар аввал кумакпулиро заноне гирифта метавонистанд, ки кӯдаки дуюм, сеюм ва баъдиро таваллуд ё ба фарзандхонӣ қабул карда бошанд. Аз соли 2020 пардохти кумакпулӣ барои таваллуди фарзанди якум ҳам оғоз шуд.

Ин тадбири дастгирӣ барои модарон сарфи назар аз синни онҳо пардохт мешавад. Соли 2024 ҳаҷми кумакпулӣ барои таваллуди кӯдаки якум ба модарон қариб 631 ҳазор рубл ва барои кӯдаки дуюм – ҳудуди 834 ҳазор рублро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.