Андрей Серенко: “Эътирофи ҳукумати “Толибон” дар Афғонистон ба гумон аст”

Сиёсатшинос ва коршинос оид ба масоили Афғонистон Андрей Серенко ба хабаргузории Rosbalt.ru чунин изҳори ақида кардааст, ки соли 2023 бо афзоиши норозигиҳои ҳамсоякишварҳои Афғонистон нисбат ба ҳукумати Толибон* дар Кобул ба охир мерасад. Дар давоми қариб тамоми соли равон Покистон нисбати толибон эътирозҳои шадид дошт: дар Исломобод мутмаинанд, ки ҳукумати толибон дар Кобул “Толибон”-и Покистонро, […]

Asia-Plus

Сиёсатшинос ва коршинос оид ба масоили Афғонистон Андрей Серенко ба хабаргузории Rosbalt.ru чунин изҳори ақида кардааст, ки соли 2023 бо афзоиши норозигиҳои ҳамсоякишварҳои Афғонистон нисбат ба ҳукумати Толибон* дар Кобул ба охир мерасад.

Дар давоми қариб тамоми соли равон Покистон нисбати толибон эътирозҳои шадид дошт: дар Исломобод мутмаинанд, ки ҳукумати толибон дар Кобул “Толибон”-и Покистонро, ки бар зидди Покистон ҷиҳод эълон кардааст, дастгирӣ мекунад.

То моҳи декабр, мақомоти Покистон тамоми имконоти сиёсиро барои мутақоид кардани Кобул истифода бурда, ҳатто бо дархост ба СММ ҷиҳати дастгирӣ дар таъсиррасонӣ ба Толибони Афғонистон (бахусус, дар масъалаи таъмини “Толибон”-и Покистон бо силоҳи муосир) муроҷиат карданд.

Эрон моҳи декабр Толибони Кобулро дар кумак ба ҷиҳодиёни “Ҷайш ал-Адл” (гурӯҳи террористӣ), ки алайҳи Теҳрон ҷанг мекунанд ва дар қаламрави Афғонистон пойгоҳҳои худро доранд, муттаҳам кард.

Моҳи декабр сафири Русия дар Тоҷикистон Семен Григорев Афғонистонро дар эҷоди таҳдид ба Душанбе гунаҳкор намуда, изҳор дошт, ки соли 2023 ифротгароёни дар амороти Толибон қарордошта чандин бор кӯшиш карданд, ки сарҳади Тоҷикистонро убур кунанд.

Дар ниҳоят, моҳи декабр муовини намояндаи доимии Чин дар СММ Гэн Шуан эътироф намуд, ки таҳдидҳои террористӣ дар Афғонистон барои кишварҳои минтақа “ҷиддӣ боқӣ мемонанд”.

Ба ин тариқ, то охири соли 2023 чор кишвари ҳамсояи Афғонистон (Покистон, Эрон, Тоҷикистон, Чин) ва Русия ҳукумати Толибон дар Афғонистонро дар эҷоди таҳдидҳои воқеӣ барои амнияти худ айбдор карданд.

Бо чунин "дастовардҳо" ҳукумати Толибон бешубҳа набояд орзу кунад, ки ҳадди ақалл аз ҷониби ҷомеаи минтақа эътироф мешавад.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – «Афғонистон» бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.