Тоҷикистон мехоҳад ҷашни “Меҳргон”-ро низ ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО шомил кунад

Тоҷикистон барои шомил кардани ҷашни бостонии Меҳргон ба Феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО дархост пешниҳод кардааст, хабар медиҳад “Мир24”. Манбаъ, аз қавли Зулфия Бурҳон, котиби масъули Комиссияи миллии ЮНЕСКО навиштааст, ки бо ибтикори Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон барои баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва пайвастани насли муосир бо мероси ниёгон ҷашнҳои бостонии “Сада”-ву “Меҳргон” дубора эҳё […]

Манзумаи Фирӯз, Asia-Plus

Тоҷикистон барои шомил кардани ҷашни бостонии Меҳргон ба Феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО дархост пешниҳод кардааст, хабар медиҳад “Мир24.

Манбаъ, аз қавли Зулфия Бурҳон, котиби масъули Комиссияи миллии ЮНЕСКО навиштааст, ки бо ибтикори Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон барои баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва пайвастани насли муосир бо мероси ниёгон ҷашнҳои бостонии “Сада”-ву “Меҳргон” дубора эҳё карда шуданд.

"Аз ин рӯ, пешниҳоди ҷашни Меҳргон дар соли 2024 низ барои шомил шудан ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО барои баррасӣ пешниҳод шудааст",-гуфтааст ӯ.

Ҷашни Меҳргон аз соли 2009 дар Тоҷикистон таҷлил мешавад. Он низ мисли Наврӯз ҷашни қадимист. Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2009 барои эҳёи ҷашни Меҳргон, ки ба анҷоми ҳосили тааллуқ дорад, қарор қабул кард. Аз он вақт инҷониб Меҳргон дар сатҳи қонунгузорӣ ба феҳристи идҳои расмӣ шомил шудааст.

Меҳргон ҷашни тирамоҳ маҳсуб мешавад ва ҳамчун рамзи шукргузорӣ аз неъматҳои табиат ва меҳнати деҳқонон, ҳамчун арҷгузорӣ ба ваҳдати инсону табиат таҷлил мегардад.

Қобили зикр аст, ки ҳар сол ин ҷашн бештар ва бошукӯҳ таҷлил мегардад. Дар чаҳорчӯби ҷашн фестивалҳо ва намоишгоҳҳо ва фурӯши асал, маҳсулоти кишоварзӣ, техникаи кишоварзӣ ва биринҷ баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматии Созмони мероси ғайримоддӣ, ки аз 4 то 9 декабр дар шаҳри Касане (Ботсвана) баргузор шуд, ба феҳристи ЮНЕСКО беш аз 40 унсури нав ворид карда шуданд.

Дар иҷлосияи тасмим гирифта шуд, ки се номзад аз Тоҷикистон ба рӯйхат шомил шавад. Ҳунари бофандагони тоҷик дар сохтани атласу адрас, ороиши бадеии матни тоҷиб (номзадии муштарак бо Эрон, Озарбойҷон, Ӯзбакистон ва Туркия), инчунин ҷашнвораи бостонии Сада (номзади муштарак бо Эрон) ҳамчун ҳунари фарҳангӣ ва мероси башарият эътироф гардиданд.

Мақсади асосии ворид намудан, ҳифзи расму оини суннатӣ, дониш, малака ва интиқоли онҳо ба наслҳои оянда мебошад. Ҳоло дар ин рӯйхат зиёда аз 600 номгуй  зикр шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.