Дар Осиёи Марказӣ ба кӯдакон бештар чӣ номҳо мегузоранд?

Ширин Раҳмонова, Asia-Plus

Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки дар соли 2023 байни тифлони навзоди писар номҳои писандида Муҳаммад (4853), Абдураҳмон (3527), Юсуф (3001), Умар (2751), Иброҳим (1857), Абдуллоҳ (4081), Сомон (1696), Имрон (1709),  Абӯбакр (1225) ва Аҳмад (794) будааст.

Ба тифлони навзоди духтар низ кӯшиш мекунанд, ки номи ба ин ё он гуна вобаста ба дини Ислом гузоранд: Фотима (4018), Сумая (2998), Оиша (2321), Марям (1956), Зайнаб (1405), Осия (1354), Хадича (1021), Кибриё (987) ва Амина (789).

Барои муқоиса: соли 2018 низ ҳамин номҳо писандида буданд: Муҳаммад, Умар, Иброҳим, Юсуф, Оиша, Фотима, Зайнаб, Осия ва дигар номҳо.

Боз кадом номҳо барои тифлон дар Тоҷикистон писандидаанд?

Байни писарон: Усмон, Ансор, Аюбҷон, Амир, Мӯсо ва Комрон.

Миёни духтарон: Сафия, Мӯниса, Нурия, Ёсамин, Ҳурия ва Ирода.

Қобили зикр аст, ки номи занонаи Сафия (София) чандин сол инҷониб мисли номҳои мусулмонӣ байни аҳолӣ писанд аст.

Ҳамсояҳо чӣ номҳо мегузоранд.

Дар Қазоқистон даҳгонаи аввали номҳо бетағйир монда, байни писарон номи Ҳамза ба он дохил шуд ва номи Рамазонро иваз кард.

Миёни писарон номҳои писандида дар ин кишвар инҳоянд: Алихон, Умар, Амир, Алдиёр, Айсултон, Алан, Алӣ, Нурислом, Муҳаммад ва Ҳамза.

Байни духтарон: Мадина, Айша, Айлин, Асилим, Сафия, Томирис, Раяна, Амина, Аяла ва Айим.

Тибқи маълумоти Вазорати адлияи Ӯзбекистон, номҳои писандида миёни писарон дар ин кишвар чунинанд: Муҳаммадали (27 431), Мустафо (22 880), Абдуллоҳ (18 116), Муҳаммад (17 025), Муҳаммадюсуф (13 774), Муҳаммадамин (12 450), Нурмуҳаммад (9017), Муҳаммадҷон (8843), Имронбек (8591) ва Муҳаммадзиё (8135).

Байни духтарон: Солиҳа (24 365), Ясмина (19 911), Муслима (15 918), Хадича (10 759), Имона (10 310), Шукрона (9330), Сумайя (9279), Ифора (7586), Саъдия (6639) ва Мубина (6585).

Вазорати рушди рақамии Қирғизистон низ феҳристи номҳои писандидаро дар соли гузашта таҳия кардааст.

Номҳои писандида дар ин кишвар байни духтарон: Солиҳа (3 878), Амина (2 926), Фотима (2 897),  Алия (2 838), Раяна (2 529), Сафия (2 526), Алфия (2 522), Айлин (2 503), Аиша (2 219) ва Аруузат (2 126).

Байни писарон: Муҳаммад (6 176), Умар (4 847), Алӣ (3 300), Амир (2 621), Алихон (2 275), Билол (2 263), Алинур (2 155), Усмон (2 095), Нурислом (1 866) ваи Амир (1 748).

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.