Дар Осиёи Марказӣ ба кӯдакон бештар чӣ номҳо мегузоранд?

Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки дар соли 2023 байни тифлони навзоди писар номҳои писандида Муҳаммад (4853), Абдураҳмон (3527), Юсуф (3001), Умар (2751), Иброҳим (1857), Абдуллоҳ (4081), Сомон (1696), Имрон (1709),  Абӯбакр (1225) ва Аҳмад (794) будааст. Ба тифлони навзоди духтар низ кӯшиш мекунанд, ки номи ба ин ё он гуна вобаста […]

Ширин Раҳмонова, Asia-Plus

Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки дар соли 2023 байни тифлони навзоди писар номҳои писандида Муҳаммад (4853), Абдураҳмон (3527), Юсуф (3001), Умар (2751), Иброҳим (1857), Абдуллоҳ (4081), Сомон (1696), Имрон (1709),  Абӯбакр (1225) ва Аҳмад (794) будааст.

Ба тифлони навзоди духтар низ кӯшиш мекунанд, ки номи ба ин ё он гуна вобаста ба дини Ислом гузоранд: Фотима (4018), Сумая (2998), Оиша (2321), Марям (1956), Зайнаб (1405), Осия (1354), Хадича (1021), Кибриё (987) ва Амина (789).

Барои муқоиса: соли 2018 низ ҳамин номҳо писандида буданд: Муҳаммад, Умар, Иброҳим, Юсуф, Оиша, Фотима, Зайнаб, Осия ва дигар номҳо.

Боз кадом номҳо барои тифлон дар Тоҷикистон писандидаанд?

Байни писарон: Усмон, Ансор, Аюбҷон, Амир, Мӯсо ва Комрон.

Миёни духтарон: Сафия, Мӯниса, Нурия, Ёсамин, Ҳурия ва Ирода.

Қобили зикр аст, ки номи занонаи Сафия (София) чандин сол инҷониб мисли номҳои мусулмонӣ байни аҳолӣ писанд аст.

Ҳамсояҳо чӣ номҳо мегузоранд.

Дар Қазоқистон даҳгонаи аввали номҳо бетағйир монда, байни писарон номи Ҳамза ба он дохил шуд ва номи Рамазонро иваз кард.

Миёни писарон номҳои писандида дар ин кишвар инҳоянд: Алихон, Умар, Амир, Алдиёр, Айсултон, Алан, Алӣ, Нурислом, Муҳаммад ва Ҳамза.

Байни духтарон: Мадина, Айша, Айлин, Асилим, Сафия, Томирис, Раяна, Амина, Аяла ва Айим.

Тибқи маълумоти Вазорати адлияи Ӯзбекистон, номҳои писандида миёни писарон дар ин кишвар чунинанд: Муҳаммадали (27 431), Мустафо (22 880), Абдуллоҳ (18 116), Муҳаммад (17 025), Муҳаммадюсуф (13 774), Муҳаммадамин (12 450), Нурмуҳаммад (9017), Муҳаммадҷон (8843), Имронбек (8591) ва Муҳаммадзиё (8135).

Байни духтарон: Солиҳа (24 365), Ясмина (19 911), Муслима (15 918), Хадича (10 759), Имона (10 310), Шукрона (9330), Сумайя (9279), Ифора (7586), Саъдия (6639) ва Мубина (6585).

Вазорати рушди рақамии Қирғизистон низ феҳристи номҳои писандидаро дар соли гузашта таҳия кардааст.

Номҳои писандида дар ин кишвар байни духтарон: Солиҳа (3 878), Амина (2 926), Фотима (2 897),  Алия (2 838), Раяна (2 529), Сафия (2 526), Алфия (2 522), Айлин (2 503), Аиша (2 219) ва Аруузат (2 126).

Байни писарон: Муҳаммад (6 176), Умар (4 847), Алӣ (3 300), Амир (2 621), Алихон (2 275), Билол (2 263), Алинур (2 155), Усмон (2 095), Нурислом (1 866) ваи Амир (1 748).

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.