Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Мадина Отабоева буд, ки бо Меҳрубон Зокирӣ мавзуи кадом иҷроиши ҳуҷҷати иҷро ба ситонидани молу мулк алоқаманд нестандро баррасӣ карданд.
Иҷрои ҳуҷҷати иҷро дар бораи барқарор намудан ба кор:
Ҳангоми аз ҷониби корфармо иҷро накардани талаботи ҳуҷҷати иҷро дар бораи барқарор намудан ба ҷои кор, иҷрочии мақомоти иҷро оид ба баровардани қарор дар бораи ба корманд пардохт намудани музди меҳнати миёна ё ин ки фарқияти дар музди меҳнат барои ҳамаи он муддати аз рӯзи баровардани ҳалнома оид ба барқароркунии корманд то рӯзи иҷрои он ба суд бо пешниҳод муроҷиат менамояд.
Ҳангоми аз ҷониби корфармо иҷро накардани талаботи ҳуҷҷати иҷро дар бораи ба ҷои кор барқарор намудани корманди аз кор озодшуда ё ба кори дигар гузаронидашуда, иҷрочии мақомоти иҷро протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро тартиб дода, онро барои баррасӣ ба суди маҳалли иҷрои ҳуҷҷати иҷро пешниҳод менамояд.
Дар сурати такроран иҷро накардани талаботи ҳуҷҷати иҷро иҷрочии мақомоти иҷро дар ин бора санад тартиб дода, онро ба мақоми дахлдори пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани корфармо пешниҳод менамояд.
Татбиқ шудани ҷазои маъмурӣ ва ҷиноятӣ корфарморо аз иҷрои санади судӣ барои ба ҷои кор барқарор намудани корманд озод наменамояд.
Иҷрои ҳалнома оид ба барқарор намудан ба кор аз лаҳзаи воқеан ба кор роҳ додани корманди ғайриқонунӣ аз кор озодшуда ё ин ки ба иҷрои вазифаи пештарааш шуруъ намудани корманди ба кори дигар гузаронидашуда, ки баъди бо фармон бекор намудани амри ғайриқонунӣ оид ба аз кор озодкунӣ ё ба кори дигар гузаронидани корманд сурат гирифтааст, анҷомёфта ҳисоб карда мешавад.
Тартиби иҷрои ҳуҷҷати иҷро оид ба кӯчонидани қарздор:
Ҳангоми дар мӯҳлати панҷшабонарӯзи муқаррарнамудаи иҷрочии мақомоти иҷро аз ҷониби қарздор ихтиёран иҷро накардани ҳуҷҷати иҷро оид ба кӯчонидан, иҷрочии мақомоти иҷро кӯчонидани қарздорро ба тариқи маҷбурӣ амалӣ менамояд.
Иҷрочии мақомоти иҷро қарздорро дар бораи рӯз ва вақти кӯчонидани маҷбурӣ расман хабардор менамояд. Набудани қарздоре, ки аз рӯзи кӯчонидан хабардор карда шуда буд, барои иҷрои ҳуҷҷати иҷро монеъ намегардад.
Кӯчонидан аз холӣ намудани бинои дар ҳуҷҷати иҷро зикршуда, аз кӯчонидашаванда (кӯчонидашавандаҳо), молу мулки ӯ (онҳо), ҳайвоноти хонагӣ ва ба ситонанда супоридани бинои холикардашуда ё бо тартиби муқарраргардида барои нигаҳдорӣ супоридашуда иборат мебошад.
Кӯчонидан дар ҳузури шахсони холис ва дар мавридҳои зарурӣ бо мусоидати мақомоти корҳои дохилӣ ва бо барӯйхатгирии ҳатмии молу мулк аз тарафи иҷрочии мақомоти иҷро амалӣ карда мешавад. Иҷрочии мақомоти иҷро дар мавридҳои зарурӣ нигоҳдории молу мулки қарздорро бо вогузории хароҷоти сарфшуда ба зиммаи ӯ таъмин менамояд. Молу мулки қарздор дар мӯҳлати на зиёда аз се сол нигоҳ дошта мешавад, пас аз ин мӯҳлат молу мулки мазкур ҳамчун молу мулки бесоҳиб бо тартиби муқарраршуда ба фурӯш бароварда мешавад. Маблағҳо аз фурӯши молу мулки қарздор ба буҷети давлатӣ равона карда мешаванд.
Иҷрои ҳуҷҷати иҷро оид ба кӯчонидани қарздор аз тарафи иҷрочии мақомоти иҷро бо тартиб додани санад оид ба кӯчонидан ба расмият дароварда мешавад.
Дар мавриди ихтиёран иҷро накардани ҳуҷҷати иҷро оид ба маскун намудан дар мӯҳлати муқаррарнамудаи иҷрочии мақомоти иҷро, маскун намудан аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро ба таври маҷбурӣ дар ҳузури қарздор ва ё аъзои болиғи оилаи ӯ амалӣ гардонида мешавад.
Маскун намудан ин аз тарафи иҷрочии мақомоти иҷро аз таъмини бемамониати воридшавии ситонанда ба манзили дар ҳуҷҷати иҷро зикршуда ва истиқомат намудани вай дар он иборат мебошад. Дар ин маврид ба қарздор фаҳмонида мешавад, ки маскун намудан ба таври маҷбурӣ амалӣ шуда истодааст ва ӯ ӯҳдадор аст барои истиқомати ситонанда (ҳозир буданаш) мамониат накунад.
Тартиби иҷрои ҳуҷҷати иҷро оид ба маскун намудан:
Дар ҳолати мамониат намудани қарздор ба иҷрои ҳуҷҷати иҷро оид ба маскун намудани ситонанда, амалҳои иҷро бо иштироки шахсони холис ва дар мавридҳои зарурӣ бо иштироки мақомоти корҳои дохилӣ амалӣ карда мешавад. Ҳангоми минбаъд мамониат намудан ба истиқомати (ҳозир будани) ситонанда амалҳои зикршуда аз нав гузаронида мешаванд ва чораҳои ҷаримавию дигар чораҳои пешбининамудаи қонун татбиқ карда мешаванд.
Иҷрои ҳуҷҷати иҷро оид ба маскун намудани ситонанда бо тартиб додани санад оид ба маскун кардан аз тарафи иҷрочии мақомоти иҷро ба расмият дароварда мешавад.
Ҳуҷҷати иҷро ба шарте иҷрошуда ҳисоб карда мешавад, ки агар ба ситонанда имконияти ҳамарӯза истифодабарии бемамониати бинои дахлдор таъмин шуда бошад. Истеҳсолоти иҷро аз рӯи ҳуҷҷати иҷрошуда метавонад аз нав оғоз карда шавад, агар баъди тартиб додани санад оид ба маскун кардани ситонанда қарздор боз аз нав барои истиқомати (ҳозир будани) ситонанда мамониат намояд.
Ҳангоми барои истиқомати (ҳозир будани) ситонанда мамониат намудани шахсе, ки аз рӯи ҳуҷҷати иҷро қарздор намебошад, ба истиснои аъзои оилаи молик масъалаи маскун намудан бо тартиби судӣ ҳал карда мешавад.
Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.


