Муовини раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов ба порахӯрӣ муттаҳам шудааст

Фарзона Муродӣ, махсус барои Asia-Plus

Илҳом Аҳмадзода, муовини раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов ба гирифтани пора ба маблағи 4 ҳазор сомонӣ гунаҳкор шудааст, вале худаш аз ҳукми додгоҳ розӣ нест ва ба зинаи болоӣ шикоят кардааст.

Сафар Салимзода, роҳбари тозатаъини сардори Агентии зиддифасоди Тоҷикистон дар вилояти Суғд, гуфт, Илҳом Аҳмадзода, муовини раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов ва дар як вақт узви комиссияи қонунигардонии дороиҳои ҳукумати ноҳияи мазкур аз шаҳрванд Ботур Тусматов ба сифати пора 4 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

Ба гуфтаи ӯ, ин маблағ барои тасдиқи лоиҳаи кории маркази хидматрасонӣ ва минбаъд ба номи Тусматов ҳуҷҷатгузорӣ намудани он рӯзҳои 15-уми июн ва 11-уми июли соли 2023 ба Илҳом Аҳмадзода дода шудааст.

Тибқи иттилои Салимзода, нисбати Аҳмадзода бо моддаи 319, қисми 1-и Кордекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди итмом расидани тафтишоти пешакӣ, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан, ба суд ирсол шудааст.

Бо ҳукми суди ноҳияи Ҷаббор Расулов нисбати Илҳом Аҳмадзода ҷазо дар намуди 248 ҳазор сомонӣ ҷарима таъин шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Илҳом Аҳмадзода аз ҳукми суд розӣ нест ва ба зинаҳои кассатсионӣ шикоят кардааст. Ӯ зимни сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, “дар гӯшаю хаёлам набуд, ки дар беруни дар ба дасти ман 4 ҳазор сомонӣ дода, маро ба дасти мақомоти зидди фасод месупоранд”.

“Солам ба 56 расидааст, бо обрӯй аз ҳукумат ба нафақа баромаданӣ будам. Аз ин рӯзи сиёҳ намешавад. Ду ҳафта пеш бо ҳукми суди ноҳияи Ҷаббор Расулов маро барои пардохти 248 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ба муҳлати 1,5 сол маҳрумӣ аз корҳои давлатӣ вазифадор карданд. Ман аз ҳукми суди ноҳияи Ҷаббор Расулов норозӣ шуда ба суди кассатсионӣ шикоят бурдам ва ҳоло ҷавоби суди вилоятӣ наомадааст. Агар суди вилоятӣ ҳам ҳукмро бетайғир монад, ба суди назоратӣ шикоят мекунам”, – афзуд Аҳмадзода.

Имрӯз, 19-уми феврал, зимни сӯҳбат бо мо Илҳом Аҳмадзода аввал тасдиқ кард, ки ба сифати муовини раиси ноҳия кор мекунад ва баъдан зикр намуд, ки аз Оҷонси зиддифасон мактуби дастури хаттӣ барои аз вазифа озод кардан омадааст. Ҳоло дақиқ нест, ки ӯ аз вазифа озод шудааст ё не.

Ёдовар мешавем, ки дар вилояти Суғд давоми соли 2023-юм 419 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияи коррупсионидошта ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи  як соли пеш 36 ҳолат кам аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...