Лайло Шарифӣ, нахустин роҳбари дастаи ҳунарии “Гулшан” дар Олмон даргузашт

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Лайло Шарифӣ, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва Озарбойҷон дирӯз, 19-уми феврал, дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон дар 94-солагӣ аз олам даргузашт. Ӯ асосгузор ва аввалин роҳбари бадеии дастаи ҳунарии Гулшан-и телевизион ва радиои давлатии Тоҷикистон буд.

“Ӯ зани бузург буд”

Раҳима Шалоэр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, собиқ овозхони ансамбли “Гулшан” зимни сӯҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, дар як рӯз аз даст додани ду овозхони нотакрори тоҷик Давлатманд Холов ва Лайло Шарифӣ барои санъати тоҷик бори хеле сангин ва аламовар аст.

“Ман фахр мекунам, ки қариб 50 сол дар ин дастаи ҳунарӣ кор кардам. Ва мо ҳама дар “Гулшан” саҳм гузоштем ва Лайло Шарифиро ноумед накардем, балки обрӯву номи ӯро боло бурдем”, – гуфт Шалоэр.

“Бо лаҳҷаи эронӣ месуруд”

Хонандаи дигари дастаи ҳунарии “Гулшан” Умар Зиёев ба “Азия-Плюс” гуфт, ҳарчанд бо Лайло Шарифӣ ҳамкорӣ надошта бошад ҳам, ҳунарнамоии ӯро аз тариқи телевизион дида, аз эҷодиёти ҳунарманд огоҳ буд.

Ба гуфтаи Зиеев, саҳми ин зан дар ташаккули “Гулшан” хеле бузург аст, зеро ҳатто худи ӯ номи ин дастаро интихоб кардааст.

“Лайло бо шеваи иҷрои таронаҳо аз дигар ҳунармандон фарқ мекард, бо лаҳҷаи эронӣ месуруд ва бо либоси аврупоӣ рӯи саҳна мебаромад. Лайло беназир буд. Ӯ бо оҳанги хеле содда ва форам суруд мехонд”, – ёд овард Умар Зиёев.

Ӯ таъкид кард, ки даргузашти Лайло Шарифӣ дар санъати тоҷик талафоти бузург аст.

Дар шарҳи ҳол

Лайло Шарифӣ 28-уми январи соли 1930 дар ҳавопаймои Маскав – Боку таваллуд шудааст, аммо дар шаҳодатномаи таваллуд ҷои таваллуд Маскав нишон дода шудааст.

Падари Шарифӣ турк ва зодаи Измир буда, дар Озарбойҷони Шӯравӣ ба тиҷорат машғул буд ва модараш озарӣ Эрон буд. Чанде пас аз таваллуди духтарашон ин оила ба Машҳади Эрон кӯчид ва Лайло дар онҷо ба воя расид ва баъдан бо тарафдори Муҳаммад Мусаддиқ, нахуствазири ислоҳталаби Эрон издивоҷ кард.

Пас аз табаддулоти соли 1953, ки боиси сарнагунии Муссадиқ гардид, зану шавҳари ҷавон ба ҶШС Тоҷикистон фирор карданд ва дигар ба Эрон барнагаштанд.

Лайло Шарифиро дар Душанбе ба ҳайси диктори барномаҳои форсӣ дар радиои давлатӣ даъват кард ва баъди таҳсил дар факултети мусиқӣ муддате хонанда буд.

Ва соли 1964 дар назди Телевизиони давлатии Тоҷикистон дастаи ҳунарии “Гулшан” таъсис ёфт, ки аввалин роҳбари он Лайло Шарифӣ интихоб шуд.

Соли 1978 дар робита ба таъини шавҳараш ба вазифаи нав ба Боку кӯчид ва аз соли 1980 сарояндаи телевизион ва радиои Озарбойҷон буд. Соли 1982 шавҳари ӯ аз бемории саратон даргузашт. Соли 1985 сароянда СССР-ро тарк карда, дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон маскан гирифт.

Ин видео маҷмӯаи сурудҳои ӯро дар бар мегирад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...