Мозаикаи бинои собиқи ТВ “Сафина” боқӣ мемонад

Asia-Plus

Ширкати паймонкори маркази тиҷоратии нав ваъда медиҳад, ки мозаика (наққошӣ дар санг) ё худ фрескаи таърихии “Шашмақом” дар собиқ бинои телевизиони “Сафина” боқӣ монда, он дар ҷойи нав гузошта мешавад.

Сарнавишти бинои таърихии собиқи Филармония, ки солҳои ахир дар он шабакаи телевизионии «Сафина» ҷойгир буд ва эҳтимоли аз даст додани мозаикаи нодире, ки онро рассоми маъруф Асрор Аминҷонов ороста буд, баҳсҳои доғеро дар миёни сокинони Душанбе ба бор овард.

Бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин бора дар паёмҳои сершумор изҳори нигаронӣ кардаанд. Эҳсосот замоне бештар шуд, ки ҳафтаи гузашта атрофи бинои ТВ “Сафина” бо девори сохтмонӣ (панҷара) иҳота ва эълон шуд, ки дар он як маркази муосири тиҷоратӣ бунёд мешавад.

Бо дарназардошти он, ки мозаикаи ороиши бинои собиқи телевизион яке аз маъруфтарин дар шаҳри Душанбе аст, мо барои фаҳмидани сарнавишти он бо намояндагони ширкати бинокор дар тамос шудем.

Масъули робита бо ВАО-и ширкати биносоз ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки бо супориши раиси шаҳри Душанбе тасмим гирифта шуд, ки мозаикаи таърихӣ барои наслҳои ояндаи шаҳрвандон ҳифз карда шавад.

“Мо дида истодаем, ки аҳли ҷомеа нисбат ба тақдири мозаика нигаронӣ мекунад ва хуб мефаҳмем, ки ҳар як сангу ҳар як пораи мозаика қисмате аз таъриху фарҳанг аст. Бо дастури шаҳрдори Душанбе тасмим гирифта шуд, ки он боқӣ мемонад ва ҳоло бо мутахассисони аврупоӣ дар соҳаи таъмиру барқарорсозӣ музокирот идома дорад. Онҳо бо риояи тамоми чораҳои эҳтиётӣ мозаикаро барканда, барқарор ва дар ҳудуди маркази тиҷоратӣ, ки дар ҷойи бинои собиқи телевизиони «Сафина» бунёд шуда, пули байни гузашта ва оянда мегардад, насб мекунанд”, – хабар дод номбурда.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло ҷустуҷӯи варианти беҳтарини ҳамгиро кардани мозаикаи таърихӣ ба тарҳи бинои нав идома дорад.

«Мо итминон дорем, ки бунёди маркази тиҷоратӣ бо ҳамгироии мозаика натанҳо санъати нотакрорро барои наслҳои оянда нигоҳ медорад, балки ба он ҷони тоза мебахшад ва ба яке аз макони писандидаи Душанбе табдил хоҳад ёфт», – хулоса кард намояндаи ширкат.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...