Лимити барқ то Душанбе ҳам расид? Мақомот хомӯшанд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Сокинони пойтахти Тоҷикистон аз охири ҳафтаи сипаришуда бо маҳдудияти шадиди интиқоли барқ дучоранд.

Қатъи интиқоли барқ рӯзҳои истироҳати гузашта дар микрорайонҳои канори шаҳр оғоз гардида, одамон муддати 3-4 соат бе барқ монданд.

Давоми ду рӯзи охир бошад, миқёси қатъи интиқоли барқ васеъ шуд: ҳатто дар қисмати марказии Душанбе низ ин амал ба мушоҳида расида, он ба ҳаёт ва кори сокинони шаҳр таъсири манфӣ мерасонад.

Аз ҷумла дирӯз, 28 феврал дар дафтари кории хабаргузории “Азия-Плюс” кор қариб ғайриимкон буд, зеро интиқоли барқ ҳар як 10 дақиқа қатъ мешуд: яъне 8-10 дақиқа барқ ҳаст, сипас он муддати 40 дақиқа ё зиёда аз 1 соат хомӯш мешавад ва баъд боз интиқолаш барқарор мегардад.

Дар ҳамин ҳол, сокинони пойтахт шикоят мекунанд, ки таъсири манфии маҳдудиятҳо аз хомӯшии мақомоту ширкатҳо ва шаҳрдорӣ дар бораи сабаби қатъи барқ ​​боз ҳам бештар мешавад ва ин муносибатро “беэҳтиромӣ ба ҷомеа” унвон мекунанд.

Бисёриҳо ошуфтаанд, ки шаҳр чанд рӯз аст, ки давра ба давра бе барқ ​​монда, вале то ҳол муроҷиати дахлдор аз ҷониби мақомот сурат нагирифтааст.

“Дар Норак об кам аст”

Қобили зикр аст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар ин робита ба шаҳрвандон муроҷиат намуда, бо истинод ба ширкати “Барқи тоҷик” маҳдудиятҳо дар интиқоли барқро “ба поинравии сатҳи об дар обанбори Норак” шарҳ дод.

Гуфта мешавад, таъмин бо барқ дар ҳаҷмҳои пешина метавонад ба шадидтар шудани вазъияти камбуди барқ дар моҳи оянда боис гардида, ба иқтисоди кишвар таъсири манфӣ расонад.

“Тадбирҳои андешида муваққатианд, онҳо барои як давраи муайян пешбинӣ шуда, пас аз ба эътидол омадани вазъият, рӯзҳои наздик маҳдудиятҳои интиқоли барқ бекор мешаванд”, – таъкид месозанд муаллифони муроҷиат.

Дар муроҷиат аз сокинони шаҳри Турсунзода даъват мешавад, ки сабабҳои маҳдудияти ҷоришударо дуруст фаҳманд.

Ёдрас мекунем, ки дар манотиқи деҳоти Тоҷикистон, ки ҳудуди 70%-и аҳолии кишвар дар онҷо зиндагӣ мекунад, аз 20 сентябри соли гузашта нерӯи барқ ​​ба миқдори маҳдуд интиқол дода мешавад. Мардум шабонарӯзӣ ҳамагӣ 8-9 соат – субҳ 3 соат ва шаб 5-6 соат бо барқ таъмин мешаванд.

Аммо ҳафтаи ахир вазъият дар минтақаҳо боз ҳам душвортар шуд: баъзан тамоми шабонарӯз ба мардум барқ дода намешавад. Дар ҳамин ҳол, бо маҳдудиятҳои шадид ба мисли пешина натанҳо хонаводаҳо, балки муассисаҳои тиббӣ, мактабу нуқтаҳои хӯроки умумӣ ва савдо дучор мешаванд.

Маълум нест, ки кай интиқоли барқ доимӣ мешавад

Зимни нишасти матбуотии рӯзи 13 феврал раиси ширкати “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода дар ин робита изҳор намуд, ки муҳлати бекор шудани реҷаи маҳдуди интиқоли барқ (лимит) дар ҷумҳурӣ ҳоло маълум нест.

“Теъдоди аҳолии кишвар босуръат зиёд ва сатҳии зиндагӣ беҳтар шуда, мутаносибан талабот ба барқ низ афзоиш меёбад”, – иброз дошт ӯ.

Раҳбарияти Вазорати энергетика низ сабаби маҳдудияти интиқоли барқро афзоиши босуръати иқтисоди кишвар ва тағйирёбии иқлим маънидод кард.

Дар Вазорат зикр карданд, ки ҳаҷми боришот дар мавсими тирамоҳу зимистон дар муқоиса бо ҳамин давраи солҳои 2022-2023 қариб 95% кам шуд, ки ба маҷрои об дар дарёи Вахш таъсири манфӣ расонид. Иқтидорҳои асосии энергетикии кишвар дар ҳамин дарё сохта шудаанд.

Реҷаи маҳдуди интиқоли барқ (лимит) дар Тоҷикистон ҳамасола охири моҳи сентябр – аввали октябр оғоз гардида, то моҳи апрел давом мекунад. Муҳлати амали он ба шароити обуҳаво ва афзоиши ҳаҷми об дар дарёи Вахш вобаста аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...