Дар Ҳисор аз дуди ангишт 3 узви як оила ҷон бохтанд

Шаби 5 марти соли равон бар асари нодуруст истифода бурдани бухорӣ (оташдон) 3 узви як оила ҳалок шуданд. Тавре ки маркази матбуоти КҲФ Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳалокшудагон дар деҳаи Турушбоғи ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳии шаҳри Ҳисор зиндагӣ мекардаанд. Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи ин ҳодиса фоҷеабор падари 60-сола, модари 54-сола ва духтари 15-солаи онҳо ба […]

Asia-Plus

Шаби 5 марти соли равон бар асари нодуруст истифода бурдани бухорӣ (оташдон) 3 узви як оила ҳалок шуданд.

Тавре ки маркази матбуоти КҲФ Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳалокшудагон дар деҳаи Турушбоғи ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳии шаҳри Ҳисор зиндагӣ мекардаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи ин ҳодиса фоҷеабор падари 60-сола, модари 54-сола ва духтари 15-солаи онҳо ба ҳалокат расидаанд.

Ахиран ин ҳодисаи дуюми аз дуди ангишт ҳалок шудани як оила аст. Ёдрас мекунем, ки шаби 28 феврал дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 6 узви як оила аз дуди ангишт ҳалок шуданд. Ин хонавода бо истифода аз ангишт хонаашонро бо бухорӣ гарм мекарданд.

Ҳамасола бо фарорасии мавсими сармо сокинони деҳоти Тоҷикистон хонаҳои худро бо ангишт гарм мекунанд. Риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифода аз ин сӯзишворӣ ва роҳҳои нодурусти истифодаи ангишт бисёр вақт бо фоҷеа меанҷомад. Ин аввалин ҳодисаи фавт аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт дар соли равон аст.

Чӣ тавр худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт муҳофизат кардан мумкин аст?

КҲФ тавсия медиҳад, ки дар ҳолати заҳролуд шудан аз дуди ангишт дар аввал сарчашмаи дудро хомӯш кардан лозим аст. Сипас тирезаҳоро кушода, мошини Ёрии таъҷилиро даъват кардан зарур мебошад.

– бухориҳоро бо бензин, керосин ва дигар моеъҳои зуд оташгиранда наафрӯзед. Истифодаи онҳо метавонад боиси эҷоди дуд ва паҳншавии шӯъла гардад;

– ҳаргиз ҳезум ва дигар маводҳои оташгирандаро барои хушк кардан болои бухориҳо нагузоред. Либосҳои тарро дар либосовезҳо хушк кунед;

– ҳаргиз дар бухорӣ дар ҳоли кушода будани дари он оташ гирон накунед. Бухориҳоро ҳангоми гарм кардани хона беназорат нагузоред;

– ҳамеша дудбарои бухориҳои худро санҷед, онҳоро аз ҳар гуна дудаву дигар олудагиҳо тоза намоед, то боиси заҳролуд шудан аз гази карбон нашаванд.

Ёрии аввалин барои заҳролудшавӣ:

– Ҷабрдидаро ба ҳавои тоза бароред.

– Бартараф кардани ҷараёни оксиди карбон. Ҳавои ҳуҷраро тоза кунед, дару тирезаҳоро кушоед ва ҳуҷраро тарк кунед.

– Ҷабрдидаро ба ҳавои тоза бароред ва нафаскашии кӯтоҳмуддатро таъмин кунед, баданро молед.

– Мошини Ёрии таъҷилиро даъват кунед

– Агар ҷабрдида беҳуш бошад, нафаскашии сунъиро фавран то омадани ёрии таъҷилӣ оғоз кардан лозим аст.

– Агар шумо ба заҳролудшавӣ аз оксиди карбон гумон кунед, ба духтури таъҷилӣ хабар диҳед. Агар ҷабрдида аз гази карбон ба худ омада, вале муддати тӯлонӣ беҳуш бошад, бояд фавран ба муассисаи тиббӣ интиқол дода, табобат карда шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.