Тоҷикон хушбахттар аз туркҳо, аммо ғамгинтар дар минтақа будаанд. СММ рӯйхати нави хушбахтиро нашр кард

Алина Валамат-заде, Asia-Plus

Ҳамасола феҳристи хушбахттарин кишварҳои ҷаҳон интишор мешавад, ки аз ҷониби Созмони миллали муттаҳид (СММ) таҳия мегардад.

Коршиносон сатҳи хушбахтиро аз рӯи нишондиҳандаҳое чун ММД ба ҳар сари аҳолӣ, давомнокии умр, мавҷудияти фасод дар кишвар ва арзёбии қаноатмандӣ аз худ муайян мекунанд.

СММ имсол Финляндияро хушбахттарин кишвар эътироф кард ва ин бори ҳафтум аст. Инчунин дар ТОП-3 Дания ва Исландия ҷойгир шудаанд. Афғонистон бадбахттарин кишвар дониста шуд.

Як далели ҷолиб ин аст, ки бори аввал аз замони таъсиси ин рейтинг на ИМА ва на Олмон ба 20 кишвари хушбахттарин шомил нашуданд.

 

Тоҷикистон чӣ?

Тоҷикистон дар байни 143 кишвар зинаи 89-умро соҳиб шуд. Ин поинтар зина миёни кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ – Ӯзбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон аст, ки мутаносибан дар ҷойҳои 47, 49 ва 75-ум қарор доранд.

Аммо дар ҳамин ҳол, сокинони Тоҷикистон худро хушбахттар аз сокинони Туркия ва Гурҷистон эҳсос мекунанд.

Соли гузашта Тоҷикистон дар ҷои 83-юм ва як сол пеш 78-ум қарор дошт. Яъне тайи ду соли ахир 10 зина поён рафтааст.

Ҳисобот инчунин бори аввал сатҳи хушбахтиро аз рӯи синну сол таҳлил мекунад. Пажӯҳишгарон муайян кардаанд, ки дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон, дар баробари пир шудани одамон сатҳи хушбахтии миёна тадриҷан коҳиш меёбад.

Синну соли хушбахттарин афрод аз 15 то 24-сола мебошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...