“Билетҳоро бозпас медиҳанд”. Парвози тоҷикон ба Русия кам шудааст

Ширин Раҳмонова, Asia-Plus

Бар асари амали террористӣ дар толори консертии «Крокус Сити Холл» дар Русия ва рӯйдодҳои минбаъда дар пайи он, сафари муҳоҷирон ба ин кишвар кам шуд.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз намояндагиҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ хабар доданд, айни замон натанҳо камшавии фурӯши билетҳо, балки афзоиши бозпас баргардонидани онҳо низ ба мушоҳида мерасад.

Аз ҷумла, дар ширкати ҳавопаймои “Сомон Эйр” ин гуфтаҳоро тасдиқ карданд.

“Айни замон ба ҳисоби миёна 20% камшавии фурӯши билетҳо ба Русия, инчунин бозпас баргардонидани билетҳо ба назар мерасад. Лекин мо умедворем, ки  ояндаи наздик вазъият ба эътидол омада, ба нишондиҳандаҳои пешина бармегардем”, – гуфтанд дар ширкати ҳавопаймоӣ.

Ба гуфтаи яке аз кормандони нуқтаҳои фурӯш (кассаҳо)-и Душанбе, бо сабаби камшумор будани мусофирон, хатсайрҳо низ кам карда шудаанд.

“Ширкати «Уральские авиалинии» пештар ба фурудгоҳи “Жуковский” 3 парвоз дошт, ҳозир бо сабаби набудани мусофирон, танҳо як парвоз анҷом дод. Қариб ҳар рӯз бозпас баргардониданҳо ҳастанд, одамон метарсанд, мегӯянд, ки дар он ҷо (Русия) муҳоҷиронро хеле азоб медиҳанд. Аз ин рӯ, интизорем, ки кай вазъият муътадил мешавад”, – гуфт корманд.

Дар дигар нуқтаҳои фурӯш, масалан ширкати ҳавопаймоии «S7 Аirlines»-и Русия ба “Азия-Плюс” изҳор доштанд, ки билетҳоро асосан дар рӯзҳои аввали баъди амали террористӣ – 24-26 март бозпас баргардонидаанд.

“Билетҳоро ба мо рӯзи 24 март баргардониданд. Ҳамагӣ 2-3 билет баргардонида шуда, бархе ба вақти каме дертар гузарониданд. Ҳозир аллакай ҳамааш муътадил аст”, – гуфтанд дар нуқтаи фурӯш.

Боз дар як нуқтаи фурӯш зикр карданд, ки одамон бо умеди “тағйир ёфтани вазъият”, вақти билетҳоро ба охири моҳи апрел мегузаронанд.

“Рӯзи 25 март 40 билет, 26 март – 30 билет ва 27 март – 36 билет бозпас баргардонида шуд. Вақти билетҳоеро, ки баргардонида намешаванд, ба хатсайрҳои охири моҳи апрел гузарониданд. Имрӯз вазъият каме муътадилтар аст, лекин харидани билетҳо 30% кам шуд”, – гуфт корманди нуқтаи фурӯш.

Дигар фурӯшандаи билетҳои ҳавопаймоӣ зикр кард, ки ҳозир одамон аз парвоз ба Маскав ҳарос доранд.

“Ба нуқтаи мо 27 билет баргардонида шуд. Одамон дар наворҳои интернет дида истодаанд, ки муҳҷорионро хориҷ мекунанд. Лекин гуфтаниам, ки асосан шахсоне ихроҷ шуда истодаанд, ки бо ҳуҷҷатҳояшон мушкил доранд. Касоне, ки ҳуҷҷатҳояшон дуруст аст, бояд аз чизе ҳарос надошта бошанд”,, – гуфт ӯ.

Қобили зикр аст, ки имрӯз дар назди нуқтаҳои фурӯши билетҳои ҳавопаймоӣ қариб ягон харидор ба назар намерасад…

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...