Тоҷикистону Қирғизистон боз сари 28,37 километри сарҳад ба мувофиқа расиданд

Asia-Plus

Тоҷикистон ва Қирғизистон боз сари 28,37 километри сарҳади давлатӣ байни кишварҳо тавофуқ ҳосил намуданд.

Тавре ки АМИТ “Ховар” бо истинод ба КДАМ Тоҷикистон хабар медиҳад, дар асоси мувофиқаи бадастомада аз 24 то 29 марти соли 2024 дар шаҳри Бодканди Қирғизистан вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии кишварҳо баргузор шуд.

Гуфта мешавад, гурӯҳҳои кории топографӣ 28,37 км гузариши хатти сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро мувофиқа намуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи вохӯрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки тавсифи минтақаҳои боқимондаро дар вохӯрии навбатӣ, ки дар ҳудуди Тоҷикистон баргузор мегардад, идома диҳанд. Аз натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.

Пеш аз ин шаҳри Бодканд мулоқоти навбатии ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор гардид.

“Роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон муҳокимаи масъалаи делимитатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар қитъаҳои боқимонда идома дода, баҳри минбаъд муайян намудани хати сарҳад байни ду давлат ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд”, – омадааст дар хабар.

Инчунин ба гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷиҳати идомаи раванди делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон супоришҳои мушаххас дода шуд.

Қаблан зикр гардида буд, ки ҳамаи корҳо оид ба мувофиқасозии хати сарҳади байни давлатҳо моҳи марти соли 2024 ба итмом мерасанд, лекин ҳоло дар бораи даври хотимавии корҳо маълумот дода нашудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...