Марказҳои барқу гармидиҳии Душанбе ҳадди ақалл боз як ҳафтаи дигар кор мекунанд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Марказҳои барқу гармидиҳӣ (МБГ)-ҳои пойтахт тибқи маълумоти пешакӣ, ҳадди ақалл боз як ҳафтаи дигар кор мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз ҶСК “Барқи тоҷик” хабар доданд.

Намояндаи ширкат зарурати кори марказҳоро дар обуҳавои нисбатан гарм (беш аз 20 дараҷа) истеҳсоли неруи барқ маънидод кард.

Қатъи пурраи кори марказҳои барқу гармидиҳӣ то мавсими ояндаи тирамоҳу зимистон вобаста ба вазъи таъминот бо барқ дар кишвар муайян карда мешавад.

Бино ба маълумоти “Барқи тоҷик”, дар Душанбе ду МГБ амал мекунанд, ки истеҳсоли барқ дар онҳо дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна 8,5 мл кВт-соатро ташкил медиҳад.

Талаботи пойтахт ба неруи барқ бошад, дар як шабонарӯз 14 млн кВт-соатро ташкил медиҳад.

Дар Марказҳои барқу гармидиҳӣ айни замон то 15% аз ҳаҷми умумии истеҳсоли неруи барқ дар кишвар истеҳсол мешавад.

Чӣ гап шуд?

Қобили зикр аст, ки тайи ҳафтаи ахир вазъи таъминот бо барқ дар кишвар боз ҳам душвортар шуд.

Рӯзи 4 апрел хабар дода шуд, ки обанбаори Норак, ки натанҳо нерӯгоҳи Норак, балки боз шаш неругоҳи силсилаи дарёи Вахшро бо об таъмин мекунад, қариб холӣ шудааст.

Мутахассисони неругоҳи Норак зикр карданд, ки захираҳои об дар обанбор дар нуқтаи 854 метру 64 сантиметр аз сатҳи баҳр қарор дошта, ба истилоҳ нуқтаи ниҳоӣ, ки пас аз он тибқи регламент истифодаи оби обанбор қатъиян манъ мешавад, дар сатҳи 857 метр ҷойгир аст.

Муайян кардани сатҳи имрӯзаи обанбори “Норак” ба “Азия-Плюс” муяссар нашуд, аммо зимни ҳамарӯза истифода шудани 12 сантиметри об, ки он замон мутахассисони неругоҳ гуфта буданд, захираҳо (64 см) ба гумони ғолиб, аллакай ба охир расиданд ва неругоҳ танҳо бо маҷро (резиш ё вуруд)-и об кор мекунад.

Резиши об рӯзи 4 апрел 295 метри мукааб дар як сонияро ташкил дода, ин ҳам дар ҳолест, ки барои пурра таъмин кардани кишвар бо барқ ин нишондиҳанда бояд зиёда аз 500 метр дар як сонияро ташкил диҳад.

Истеҳсоли барқ дар неругоҳи “Норак” дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта аз се як ҳисса – то 14 млн кВт/соат дар як шабонарӯз кам шуд.

Дар ҳамин ҳол, сокинони манотиқи деҳоти кишвар арзу шикоят мекунанд, ки тайи моҳи охир шабонарӯзӣ барқ надоранд. То ин дам барқ субҳ 3 соат ва то 5 соат шомгоҳон интиқол дода мешуд.

Бо оғози фасли баҳор тез-тез ва ба муддати зиёд қатъ шудани интиқоли барқ дар пойтахт ҳам ба назар мерасад. Сокинони канораҳои шаҳр мегӯянд, ҳафтаи ахир мунтазам дар нимаи аввал ва дуюми рӯз – 2-3 соатӣ интиқоли барқ қатъ мешавад, ки метавон гуфт, реҷаи интиқоли маҳдуд ё худ лимит аст.

Аммо шурӯъ аз охири моҳи сентябри соли гузашта, вақте ки реҷаи маҳдуди интиқоли барқ дар деҳот оғоз гардид, дар ширкати тақсимоти барқ ҳама гуна маълумотро дар бораи лимит рад мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...