Бонки миллӣ бори дуюм аз оғози сол меъёри бозтамвилро паст кард

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) меъёри бозтамвилро ба андозаи 0,25 банди фоизӣ – аз 9,50% то 9,25% паст кард.

Ба иттилои шуъбаи матбуоти ин ниҳод, қарори дахлдор дар ин бора рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта, 26 апрел дар ҷаласаи навбатии Кумитаи сиёсати пулию қарзии БМТ қабул шуд.

Ба иттилои манбаъ, меъёри нав аз 1 майи соли равон мавриди амал қарор мегирад.

Қобили зикр аст, ки ин дуюмин паст кардани меъёри бозтамвил дар соли равон аст.

То ин вақт моҳи феврал меъёр аз 10,0% то 9,5%-и солона паст карда шуда буд.

Меъёри бозтамвил чист?

Тибқи қонунгузорӣ, меъёри бозтамвил меъёри минималии фоизие мебошад, ки тибқи он БМТ ба бонкҳои тиҷоратии кишвар ҷиҳати таъмини пардохтпазирии кӯтоҳмуҳлат қарз медиҳад.

Муҳлати чунин қарзҳо, ки бонкҳо метавонанд дар музоядаҳо онро гиранд, аз як рӯз (intraday) то 28 рӯзро ташкил медиҳанд.

Бонкҳо қарзро дар навбати аввал барои дастгирии пардохтпазирии худ дар давраи кӯтоҳмуҳлат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои таъҷилӣ, аз ҷумла ҳисоббаробарӣ дар бозори байнибонкӣ, пардохти қарзи ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ ва ғайра истифода мебаранд.

Мутахассисон меъёри бозтамвилро яке аз воситаҳое мешуморанд, ки тариқи он бо як тарзи муайян ба таваррум таъсир расонида мешавад: ҳангоми паст шудани ин меъёр пул дар гардиш зиёд шуда, мутаносибан молу маҳсулот арзон ё баръакс қимат шуда метавонад.

Мизони таваррум

Тоҷикистон соли гузашта дар як қадам аз сатҳи рекордии пасттарини таваррум барои худ қарор гирифт.

Бино ба маълумоти омори расмӣ, соли 2023 сатҳи таваррум дар ҷумҳурӣ 3,8%-ро ташкил дод.

Дар давоми тамоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар сатҳи аз ин нишондиҳанда пасттар соли 2013 – 3,7% ба қайд гирифта шуда буд.

Мизони ҳадафноки Бонки миллии Тоҷикистон тайи солҳои ахир дар ҳудуди 6,0% (±2 банди фоизӣ), яъне аз 4,0% то 8,0% боқӣ мемонад.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ сатҳи таваррум 1,6%-ро ташкил дод, ки 0,2 банди фоизӣ пасттар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.

Аз ҷумла, аз оғози сол маҳсулоти хӯрокворӣ ба андозаи 1,5%, маҳсулоти ғайриозуқа – 0,6% ва хидматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ – 3,2% қимат шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...