Арзиши эстакада дар Душанбе қариб ба 28,5 млн евро баробар аст

Ширин Раҳмонова, Asia-Plus

Дар шаҳри Душанбе роҳи мошингарди дусатҳа дар буриши кӯчаҳои Саъдии Шерозӣ ва Ҳофизи Шерозӣ бо пайваст шудан ба кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров сохта мешавад. Созишнома дар ин бора ҳанӯз 29-уми апрел бо Бонки аврупоии таҷдиду рушд ба имзо расида буд, хабар медиҳад Вазорати молияи Тоҷикистон.

Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва президенти Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) Одил Рено-Бассо он замон дар бораи маблағгузории лоиҳаи "Сохтмони роҳи автомобилгарди дусатҳа дар чорроҳаи С. Шерозӣ ва Ҳ. Шерозӣ пайваст ба кӯчаи А. Қаҳҳорови шаҳри Душанбе" ва илова ба Созишномаи қарзии лоиҳаи "Барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва обпарто дар ноҳияи Файзобод" созишномаи қарзӣ ба имзо расониданд.

Гуфта мешавад, ҳадафи татбиқи созишномаи лоиҳа баланд бардоштани самаранокӣ ва беҳтар намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт, паст намудани ҳолатҳои тамбашавӣ ва таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе мебошад.

Маблағи созишномаи мазкур 28 млн 450 ҳазор евроро ташкил намуда, аз ҳисоби маблағҳои қарзии БАТР маблағгузорӣ мешавад.

Санади дигар лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва обпарто дар ноҳияи Файзобод» ба барқарорсозӣ ва васеъ намудани инфрасохтори хизматрасонии соҳаи обтаъминкунию беҳдошт ва беҳтар намудани дастрасии аҳолии ноҳияи Файзобод ба оби нӯшокӣ, инчунин баланд бардоштани устувории фаъолияти молиявии корхонаи хизматрасонии ноҳия равона мешавад.

Маблағи иловагӣ ба Созишномаи қарзии лоиҳаи мазкур 1 млн 350 ҳазор евроро ташкил намуда, ин ҳам аз ҳисоби маблағҳои қарзии БАТР барои пӯшонидани норасоии маблағ дар татбиқи лоиҳа ҷудо карда мешавад.

Микрорайонҳои нави Душанбе

Қаблан “Азия-Плюс” дар бораи чӣ гуна тағйир ёфтани хиёбони Саъдии Шерозӣ хабар дода буд. Мувофиқи нақша, хиёбон аз кӯчаи Неъмат Қарарбоев то кӯчаи Ҷаббор Расулов навсозӣ мешавад.

Ба ҷуз биноҳои истиқоматӣ, дар ин мавзеъ биноҳои маъмуриву ҷамъиятӣ ва савдо, муассисаҳои тиббӣ ва маориф сохта мешаванд. Ҳамаи биноҳо бо услуби муосир бунёд мегарданд.

Ҳамчунин хабар дода будем, ки дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров – аз хиёбони Саъдии Шерозӣ то кӯчаи Ҷанубӣ (Южная) чиҳо сохта мешаванд.

Дар ин мавзеъ сохтмони 3 пул аз болои дарё ва якчанд пиёдагузарҳо пешбинӣ шудаааст. Дар кӯчаи Абай роҳи ҳалқавии дусатҳа сохта мешавад.

Тибқи лоиҳа биноҳо аз якчанд маҷмаа иборат буда, ҳар кадоме аз онҳо ҳалқаро ташкил медиҳанд. Дар атрофи ҳар як маҷмаа ва дар қаламрави дохилӣ бунёди мавзеъҳои сабз дар назар аст.Мувофиқи нақша, дарахтҳо дар канори роҳ шинонида мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...