Дар Тоҷикистон зиёда аз 10 ҳазор гектар замин бе об монд

Asia-Plus

Дар Тоҷикистон бо сабаби аз кор мондани пойгоҳҳои обкашӣ зиёда аз 10 ҳазор гектар заминҳои обёрӣ бе об монда, танҳо дар вилояти Хатлон бар асари корҳои ғайриқаноатбахши хоҷагидорӣ, қариб 900 гектар заминҳои корами обӣ аз гардиши кишоварзӣ берун монданд.

Ғайр аз ин, дар вилояти Хатлон 16 ҳазор гектар замин, ки 14 ҳазор гектараш обёришаванда аст, барои партовгоҳ истифода мешавад.

Маҳз ҳамин ҳолат зимни вохӯрӣ ва суханронии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара рӯзи 25 май мавриди интиқоди шадиди сарвари давлат қарор гирифт.

“Моро зарур аст, ки кишти зироатҳо ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро сол ба сол зиёд кунем ва бозори истеъмолии мамлакатро дар ҳама фаслҳои сол бо озуқаворӣ таъмин намуда, вобастагии иқтисоди кишварро аз воридоти маводи ғизоӣ мунтазам коҳиш диҳем”, – гуфт сарвари давлат.

Ӯ аз роҳбарон ва шахсони масъул даъват кард, ки барои таъмини фаровонии бозори истеъмолии дохилӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал, ташкил кардани захираи кофии он, пешгирӣ кардани болоравии беасоси нархҳо, ба роҳ мондани фаъолияти муназзами ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ муносибати ҷиддӣ ва масъулияти баланд зоҳир намоянд.

Бино ба маълумоти овардаи президент дар суханрониаш, айни замон дар вилояти Хатлон 18 пойгоҳи обкашӣ фаъолият надорад, ки боиси беоб мондани беш аз 5 ҳазор гектар замин гардидааст.

Ғайр аз ин, дар вилояти Суғд 16 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 22 пойгоҳи обкашӣ фаъолият накардааст, ки мутаносибан 3,8 ҳазор гектар ва 3,3 ҳазор гектар замин бо об таъмин нагардидааст.

Соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бинобар корҳои ғайриқаноатбахши хоҷагидорӣ қариб 900 гектар заминҳои корами обӣ аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд.

Ба ҳолати 17-уми май дар вилоят дар майдони қариб 200 ҳазор гектар ё 97 фоизи дурнамо кишти баҳорӣ анҷом дода шуда, иҷрои дурнамои кишти картошка ҳамагӣ 80%, полизӣ – 93% ва зироатҳои хӯроки чорво – 87%-ро ташкил медиҳад.

Аз ҷумла кишти картошка дар шаҳру ноҳияҳои Муъминобод ҳамагӣ 16%, Шамсиддини Шоҳин – 25, Ховалинг – 38, Бохтар – 49 ва Балҷувон 66%-и дурнаморо ташкил додааст.

Гуфта мешавад, чунин ҳолат дар аксари шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ ба назар мерасад.

Иҷрои дурнамои кишти картошка дар Роғун ҳамагӣ 5%, Варзоб – 8, Файзобод – 21, Рашт – 30, Тоҷикобод – 33, Лахш – 58, Нуробод – 45, Сангвор – 55, Ҳисор – 59 ва Рӯдакӣ – 70%-ро ташкил додааст.

Ҳамчунин, дурнамои кишти пахта дар шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат ҳамагӣ 17%, Рӯдакӣ – 57, Шаҳринав – 60 ва Ҳисор – 71% таъмин гардидааст, ки хеле ташвишовар мебошад.

Президент хотиррасон намуд, ки солҳои охир бинобар омилҳои пешгӯинашаванда, бахусус, тағйирёбии бесобиқаи иқлим ва оқибатҳои ногувори он, инчунин, болоравии нархи маҳсулоти озуқа таъминоти аҳолӣ бо маводи ғизоӣ дар ҷаҳон торафт мушкил гардида истодааст.

Дар Тоҷикистон тирамоҳу зимистони гузашта камбориш ва обу ҳавои баҳори имсола номусоид омада, таъсири манфии худро ба соҳаҳои мухталифи кишвар, хусусан, ба соҳаҳои кишоварзӣ ва энергетика расонид.

“Чунин ҳолат моро водор месозад, ки дар ҳамаи сатҳҳо, аз ҳар як оила сар карда, то муассисаҳои иҷтимоӣ ва хоҷагиву корхонаҳои истеҳсолию хизматрасонӣ сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва обро дар тамоми фаслҳои сол таъмин намоем”, – таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Зимни суханронӣ сарвари давлат ба мақомоту сохторҳои марбута ва хоҷагиҳои кишоварзӣ дастур дод, ки ба масъалаҳои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, ба гардиши кишоварзӣ баргардонидани заминҳои бекорхобида, аз худ кардани заминҳои нав ва бо усули обёрии қатрагӣ зиёд намудани масоҳати заминҳои кишт эътибори ҷиддӣ диҳанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...