Хоҳиши расмӣ аз Путин: Толибонро аз рӯйхати террористон берун кунед

Asia-Plus

Мақомоти Русия бори дигар аз эҳтимоли қавии ихроҷи номи Толибон* аз феҳристи созмонҳои дар ин кишвар мамнуъ хабар доданд. Ин маротиба ду ниҳоди давлатии Русия – Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати адлия ба Владимир Путин, раиси ҷумҳур пешниҳод кардаанд, ки номи ҷунбиши исломии Толибон аз феҳристи созмонҳои мамнуъ бардошта шавад.

Дар ин бора хабаргузории "ТАСС" рӯзи 27-уми май аз қавли Замир Кабулов, намояндаи президенти Русия дар масоили Афғонистон хабар дод.

Кабулов гуфтааст, ҳангоми ироаи ин пешниҳод бо дигар мақомоти Русия низ мувофиқа шудааст. Ӯ гуфтааст, эътирофи ҳукумати Толибон бидуни ихроҷи номи онҳо аз ин феҳрист ғайриимкон аст.

Ба қавли ин дипломати рус, эътирофи ҳукумати Толибон нисбат ба рӯзҳои аввали ба қудрати Афғонистон расидани ин гурӯҳ наздиктар шудаааст, аммо бо ин ҳам “баъзе масъалаҳое ҳастанд, ки бояд бартараф карда шаванд”. Мушаххасан кадом масоил бояд ҳал шаванд, зикр нагардидааст.

Замир Кабулов қаблан таъкид карда буд, ки “Толибон айни ҳол душмани Русия нестанд”.

Пештар аз ин, Ойбек Смадиёров, намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон ба хабаргузории “Казинформ” гуфта буд, ки тасмими лағви Толибон аз рӯйхати созмонҳои террористӣ гирифта шудааст.

Чаро Русия мехоҳад “Толибон”-ро аз рӯйхати террористон барорад?  Лағви номи Толибон аз рӯйхати созмонҳои террористӣ чӣ паёмад дорад ва  то кадом андоза ба амнияти минтақа, аз ҷумла Осиёи Марказӣ таъсир хоҳад гузошт? Ба ин саволи “Asia-Plus” чанде пеш коршиносон дар посух дода буданд.

Аксари коршиносон ин иқдоми Русияро навъе аз “манфиатҷӯӣ ва бозии сиёсӣ” унвон карда, таъкид карда буданд, ки ин кори содае нест. Баъҳзе аз коршиносон ин тасмимро иштибоҳ ҳам номида буданд. Дар матлаби “Чаро Русия мехоҳад “Толибон”-ро аз рӯйхати террористон барорад?” андешаи муфассали коршиносонро метавонед мутолиа кунед.

Ёдовар мешавем, ки Толибон дар аксари кулли ҷаҳон созмони мамнӯъ эътироф шудааст. Ин гуруҳ тобистони соли 2021, пас аз даҳсорлаҳои ҷанг бо Амрико ва муттаҳидинаш дар Афғонистон, қудратро дар Кобул ғасб кард ва инак наздики се сол аст, ки ҳукумати худро таъсис додаву давлатдорӣ мекунад. Ҳукумати ин гурӯҳро ҳеҷ давлате ва созмоне ба расмият нашинохтааст.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – «Афғонистон» бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...