“Шеъраш тасвири зебои шоирона дорад”. Дар Душанбе шаби эҷодии Кӯҳзоди Фатҳулло баргузор шуд

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Шоми дирӯз, 27-уми май, дар толори консертии Кохи Суруш шаби эҷодии шоир ва рӯзноманигори тоҷик Кӯҳзоди Фатҳулло таҳти номи “Аз домани кӯҳи баланд” баргузор шуд.

Шаби эҷодиро худи Кӯҳзоди Фатҳулло оғоз намуда, чанд намунае аз ашъори худро қироат кард ва ҳофизони шинохтае, ки ашъори ӯро ба оҳанг бастаанд, дар шаби эҷодӣ онҳоро манзури ҳозирин карданд.

Аз ҷумла, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Афзалшоҳ Шодиев шеъри “Не ҳадду ҳудуд, не карон дорад ишқ”-ро дар ин шаби эҷодӣ суруд. Ин овозхони маъруф ҳамзамон аз ҳунари шоирии Кӯҳзоди Фатҳулло сухан гуфт.

Пас аз ин, Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло аз қаламкашии Кӯҳзоди Фатҳулло васф кард ва таъкид дошт, ки “шеъраш тасвири зебои шоирона зиёд дорад”.

“Устод Лоиқ нигаронӣ доштанд, ки пас аз эшон шоирони ба тамоми маъно шеърмегуфта меоянд ва ё на ва хавф доштанд, ки майдони шеър холӣ мемонад. Вале пас аз насли устод Лоиқ, насли мо ба майдони шеъру адабиёт ворид шуд ва пас аз мо ҳам Кӯҳзоди Фатҳулло ва ҳамовардонаш ин майдонро гарм нигоҳ медоранд”, – гуфт Камол Насрулло.

Баъдан Абдуллоҳи Раҳнамо, шоир ва сиёсатшиноси тоҷик, дар ин шаби эҷодӣ аз ҷасорати Кӯҳзоди Фатҳулло ҳарф зад ва гуфт, “дар ҳавзаи адабие, ки Рӯдакиву Фирдавсиву Ҳофизу Саъдиву Мавлонову Бедил ва билохира Лоиқу Гулрухсор дорад, “ман ҳам шоир” гуфтан иродат ва боварии зиёдро талаб мекунад, ки онро Кӯҳзоди Фатҳулло дорад ва варо дар ин роҳ таҳният мекунам”.

Кӯҳзоди Фатҳулло гуфт, ки ин шаби эҷодиро на ба хотири шӯҳрат, балки фақат ба хотири падару модари пираш роҳандозӣ кардааст. Ҳузур ва сухангӯиҳои падару модараш ҳам ба шаби эҷодии шоир рӯҳи тоза бахшид.

Дар идомаи маҳфил чанде аз сарояндагони кишвар, оҳангҳои бар шеъри Кӯҳзоди Фатҳулло бастаи худро тақдими ҳозирин карданд.

Бояд гуфт, ки ин нахустин шаби эҷодии шоир ва рӯзноманигори тоҷик Кӯҳзоди Фатҳулло аст ва ӯ то кунун ду маҷмааи ашъораш – “Аз алам то қалам” ва “Аз домани кӯҳи баланд”-ро ба чоп расонидааст.

Ғолиби даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” дар номинаи эҷоди назм ҳаст.

Ёдовар мешавем, ки Кӯҳзоди Фатҳулло 42-сола аст ва мутаваллиди шаҳри Панҷакент мебошад. Хатмкардаи факултаи геологияю маъдан (соли 2005) ва филологияи ДМТ (соли 2010) аст. Мавсуф аз моҳи октябри соли 2016 инҷониб дар “Телевизиони Тоҷикистон” фаъолият дорад ва муаллифи барномаҳои “Адиб ва Истиқлол” ,“Минбари сухан”, “Парвози сухан”, “Арзи меҳр” ва “Хони адаб” ҳаст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...