Мавқеи Тоҷикистон дар “Шохиси шаффофияти буҷет”-и Шабакаи байналмилалии буҷетӣ беҳтар шудааст

Asia-Plus

Тоҷикистон дар “Шохиси шаффофияти буҷет”-и дар соли 2023 бо касби 33 хол аз 100 холи имконпазир, дар байни 125 кишвари ҷаҳон, дар ҷои 90-ум қарор гирифт. Дар рейтинги гузаштаи ин шохис (соли 2021) Тоҷикистон бо касби 16 хол дар байни 120 кишвар дар ҷои 106-ум буд.

Муаррифии рейтинги нав имрӯз, 29-уми май, дар Вазорати молияи Тоҷикистон бо ширкати кормандони вазорат, шарикони рушд, коршиносони мустақил ва рӯзноманигорон баргузор шуд.

Уктам Ҷумаев, коршиноси мустақили “Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” аз Тоҷикистон, ки таҳқиқоти рейтингро гузаронидааст, натиҷаҳои онро муаррифӣ кард.

Ӯ гуфт, ҳарчанд Тоҷикистон чанд зина боло шудааст, вале ҳоло ҳам дар рӯйхати мавқеи шоистаро ишғол намекунад. Натиҷаи қобили қабул бояд болотар аз зинаи 61 бошад.

Ба иттилои Уктам Ҷумаев, аз ҳамсояҳои Тоҷикистон дар ин рейтинг танҳо Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат мекунанд, ки ҳарду ҳам дар мавқеи кифоя ҳастанд. Қазоқистон бо касби 63 хол дар ҷои 32-юм ва Қирғизистон бо касби 61 хол дар зинаи 38-ум қарор дорад.

Онҳо дар рейтинги гузашта (соли 2021) ҳам тақрибан чунин холро ба даст оварда буданд. Ӯзбекистон ва Туркманистон дар ин рейтинг ворид намешаванд. Ҳамин тариқ, Тоҷикистон дар байни се кишвари Осиёи Марказӣ дар ин рейтинг дар ҷои охир қарор дорад.

“Мавқеи Тоҷикистон дар ин раддабандӣ тавассути сари вақт тариқи онлайн интишор кардани лоиҳаи буҷети давлатӣ ва ҳисоботи аудитории он беҳтар шуд. Вале мукаммалии ҳуҷҷатҳои буҷҷети тавассути коҳиши ҳаҷми интишори иттилоот дар изҳороти то буҷетӣ ва буҷети қабулшуда паст гардид”, – гуфт Уктам Ҷумаев.

Номбурда илова кард, ки Тоҷикистон дар зершохиси шаффофияти буҷет дар самти иштироки ҷомеа дар раванди буҷет 7 холро аз 100 холи имконпазир дастрас кард. Ин дар ҳоле, ки дар шохиси гузашта Тоҷикистон умуман хол надошт.

Гуфта шуд, ки иштироки ҷомеа дар тамоми марҳилаҳои раванди буҷет як унсури хеле муҳими баланд бардоштани самаранокии истифодаи маблағҳои буҷетӣ ва паст кардани сатҳи коррупсия дар умури молии давлатӣ мебошад.

Шабакаи байналмилалии беҷетӣ барои беҳтар шудани мавқеи Тоҷикистон дар ин рейтинг чунин тавсияҳо додааст:

– тавсифи нимсола ва ҳисоботи солонаи буҷети давлатиро сари вақт таҳия ва нашр кунад;

– ҳуҷҷатҳои асосии буҷетиро мукаммал намоянд;

– раванди таҳияи буҷҷети шаҳрвандиро фарогиртар кунанд;

Бояд гуфт, ки нахустин Шохиси шаффофияти буҷети Тоҷикистон аз ҷониби ин ташкилоти ғайридавлатии байналмилалӣ соли 2012 баҳогузорӣ гардид. Ҳамон сол Тоҷикистон аз 100 холи имконпазир 17  баллро соҳиб шуда, миёни давлатҳои собиқ шӯравӣ ҷои охиринро ишғол кард.

Дар тадқиқоти минбаъда, ки соли 2015 баргузор шуд, Тоҷикистон аз рӯи шаффофияти Буҷети давлатӣ чанд зина пеш рафта, соҳиби 25 хол гардид. Дар рейтинги соли 2017 30 хол ва соли 2019 дубора 17 балро ба даст овард.

Шарикони шабакаи шаффофияти буҷет зимни тартиб додани шаффофияти буҷа якчанд омил, аз ҷумла, дастрасии аҳолӣ ба иттилооти саривақтӣ ва пурраи буҷетӣ дар марҳалаҳои алоҳидаи раванди таҳияи буҷет, имконияти иштироки аҳолӣ дар раванди буҷетӣ ва дараҷаи назорат аз болои раванди буҷетиро ба назар мегиранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...