Дар мусобиқаи UFC Vegas 94 Лоиқ Раҷабов аз Трей Огден шикаст хӯрд

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Дар ИМА мусобиқаи UFC on ESPN 60 (Vegas 94) баргузор шуд, ки дар яке аз рақобатҳо (кард)-и пешакии он размикори тоҷик Лоиқ Раҷабов (18-6-1, UFC 2-2) муқобили амрикоӣ Трей Огден (18-6, UFC 3-2-1NC) ба майдон баромад.

Бо қарори якдилонаи доварон Трей Огден ғолиби рақобат бо Лоиқ Раҷабов дониста шуд.

Ба ин тариқ, Лоиқ Раҷабов ҳамаи чор рақобаташро тибқи қарордод бо UFC баргузор намуд. Ҳоло маълум нест, ки муҳлати қарордод бо кадом шартҳо бо ӯ тамдид мешавад ё не.

Лоиқ Раҷабов дар ММА байни ҳаваскорон дар соли 2015 унвони қаҳрамониро ба даст оварда буд. Чанде дар PFL ҳунанамоӣ карда, дар UFC аз соли гузашта иштирок мекунад. Дар ин ҷо ӯ ду ғалаба ва як бохт дорад.

Раҷабови 33-сола рақобати охирини худро моҳи март дар доираи мусобиқаи UFC Vegas 87 бо амрикоӣ Абдул-Карим Ал-Севадӣ баргузор намуд. Дар ин қувваозмоӣ ӯ рақиби худро дар раунди сеюм бо як зарбаи дасти рост ба нокаут фиристод. Лоиқ Раҷабов ҳамагӣ 16 ғалаба, 6 бохт ва 1 мусовӣ дорад.

Лоиқ Раҷабов бори нахуст дар UFC дар мавсими соли 2023 иштирок кард. Ӯ Эстебан Рибовичро мағлуб карда, пас аз як рӯзи имзо қарордод бо UFC аз варзишгари полшагӣ Матеуш Ребетский шикаст хӯрд. Дар рақобати сеюм ӯ бар Абдул-Карим Ал-Севади пирӯз шуд.

Раҷабов яке аз размикорони таҷрибадори ММА аз Тоҷикистон ва Ховари Миёна мебошад. Ба ҷуз UFC, ӯ дар PFL низ 10 рақобат гузаронида, дар 4 қувваозмоӣ ғолиб омадааст ва дар 4 рақобат шикаст хӯрда, як муҳорибааш мусовӣ анҷом ёфтааст.

То ба ИМА рафтан Лоиқ Раҷабов дар промоушенҳои маҳалии Тоҷикистон, Alash Pride-и Қазоқистон ва Лигаҳои Sprawl & Brawl, GMC, Pro-League Fighting-и Олмон ҳунарнамоӣ кардааст. Дар ин мусобиқаҳо ӯ ягон бор ба бохт дучор нашуда, рекорди 11-0 ба даст овардааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...