Ваҳдат Ханонов ба дастаи дигари чемпионати Эрон гузашт

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Футболбози тоҷик Ваҳдат Ханонов дастаи “Персеполис”-и Эронро расман тарк кард. Акнун ҳимоятгар дар тими “Сипоҳон”-и ин кишвар бозӣ хоҳад кард. Дар ин бора худи даста хабар медиҳад.

Муҳлати қарордоди Ханонов бо дастаи пешинааш рӯзи 30 июн  ба охир расида, онро тамдид накарданд. Ҳимоятгар дар ин даста се мавсим бозӣ карда, лекин дар мавсими соли гузашта хеле кам ба майдон мебаромад.

Ханонов метавонист ба собиқ дастааш – “Истиқлол” баргардад ё дар чемпионати Эрон боқӣ монад. Бо назардошти дар се мавқеъи ҳимоятгар ва нимҳимоятгар бозӣ карда тавонистани Ханонов, дар Эрон нисбати ӯ таваҷҷуҳ доштанд, аз ҷумла дар тимҳои “Сипоҳон” ва “Гулгуҳар Сирҷон”.

Дар аввал Ханонов бо дастаи “Гулгуҳар Сирҷон” гуфтушунид карда, бояд ба ин даста мегузашт, лекин дар лаҳзаҳои охир “Сипоҳон” шартҳои беҳтар пешниҳод намуда, футболбози точикро ба дастаи худ гирифт.

Дорандаи медалҳои биринҷии Чимпионати футболи Эрон-2023 – тими “Сипоҳон” аллакай Ваҳдат Ханоновро расман муаррифӣ кард. Созишномаи футболбоз бо ин даста ба муҳлати ду сол баста шудааст. Инчунин дастаи Ханонов имсол дар Лигаи қаҳрамонҳои КФО Элита бозӣ мекунад.

Ёдрас мекунем, ки ҳимоятгари 23-солаи мунтахаби Тоҷикистон Ваҳдат Ханонов ду соли ахир бо тими “Персеполис” ду маротиба қаҳрамони Эрон шуд, лекин хеле кам ба майдон мебаромад. Дар ҳайати мунтахаби ҷумҳурӣ аз соли 2018 бозӣ мекунад. Дар ин давра 35 бозӣ гузаронида, 4 гол ба ҳадаф расонидааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...