94% марзи Тоҷикистону Қирғизистон муайян шуд. Баъди 3 соли баста будан, сарҳади ду кишвар боз мешавад?

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Хатти марзи Тоҷикистону Қирғизистон 94 дарсад муайян карда шудааст ва интизор меравад, ки баъди 3 соли баста будан, сарҳади ду кишвар ба наздикӣ боз шавад. Дар ин бора Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд имрӯз, 26-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, ки аз соли 2022 коммисия оид ба муайян кардани хатти сарҳад миёни Тоҷикистону Қирғизистон пайваста корбарӣ карда истодааст.

“То имрӯз 94 дарсади хатти сарҳад пурра муайян шудааст. Боварӣ дорем, ки ояндаҳои наздик ҳамааш мусбат ҳал мешавад”, – гуфт Аҳмадзода.

Дақиқ нест, ки 6 дарсади дигари ҳалношуда дар кадом минтақаҳои баҳсӣ аст.

“Рӯзҳои 21-24-уми июл намояндагони Қирғизистон ва Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз ҷойҳои баҳсии Чоркӯҳу Ворух боздид карданд, комиссия бисёр фаъол аст, Худо хоҳад, моҳҳои наздик санадҳо ба имзо расонида мешавад”, – афзуд раиси вилояти Суғд.

Дар идомаи посух раиси вилоят аз нақшаҳои моҳи оянда дар масъалаи марзи  Тоҷикистону Қирғизистон гуфт, ки аз 11 то 17-уми август дар шаҳри Ботканди Қирғизистон вохӯрии навбатӣ баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки пас аз даргириҳои 14-17 сентябри соли 2021 марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон баста шуд.

Як сол баъд аз оғози муноқишаҳои мусаллаҳи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон мулоқоти намояндагони коммссия оид ба сарҳад ва дигар масъулини ду кишвар дар вилояти Суғд баргузор гардид.

Аз соли 2022 то имрӯз даҳҳо вохӯриҳо дар масъалаи марз миёни ду кишвар баргузор шуд ва дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳам борҳо “Оши оштӣ” ташкил карданд.

Сабаби оғози аксари муноқишаҳо номуайянии марз миёни ду кишвар аст. Масофаи сарҳади байни Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 980 километрро ташкил медиҳад.

Се сол боз баста будани марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон сокинону тоҷиронро нигарон кардааст. Аз баста шудани марз сокинони минтақаҳои наздимарзӣ бештар нигаронанд ва ҳар рӯз дар интизори кушода шудани марзи миёни ду кишвари ҳамсоя ҳастанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...