Чойхонаи “Роҳат” ва Театри Лоҳутӣ тахриб мешаванд

Asia-Plus

Чойхонаи “Роҳат” ва Театри Лоҳутӣ, ду бинои ёдгор аз замони шӯравии Душанбе тахриб мешаванд ва дар ҷойи онҳо биноҳои замонавӣ бунёд мегарданд.

Дар ин бора Низом Мирзозода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон, имрӯз, 29-уми июл, дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Баҳси тахриби ин ду бино муддатҳост идома дошт ва то ин лаҳза ҳеҷ як мақоми расмӣ иттилои дақиқи ироа накарда буд.

Ниҳоят Низом Мирзозода гуфт, ин ду бино кӯҳна шудаанд ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ нест.

“Аммо бренди чойхонаи “Роҳат” ва Театри ба номи Лоҳутӣ нигоҳ дошта шуда, барои онҳо биноҳои нав сохта мешаванд”, – зикр кард Мирзозода.

Вале ӯ нагуфт, ки ин ду бино кай тахриб гардида, биноҳои нав кай ва дар куҷо бунёд карда мешавад.

Бояд гуфт, дар бораи эҳтимоли тахриби Чойхонаи “Роҳат” пештар низ Низом Мирзозода зикр карда буд, аммо ин бори аввал аст, ки ӯ дар хусуси тахриби Театри Лоҳутӣ изҳори назар мекунад.

Ҳафтаи гузашта Манучеҳр Шарифзода, муовини вазири фарҳанг дар робита ба тахриби бинои Театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ гуфта буд, ки ин иттилоъ асоси воқеӣ надорад ва танҳо овоза аст.

“Театр фаъолият карда истодааст ва дар масъалаи барҳам додани он ҳоли ҳозир ягон супориш нашудааст”, – зикр намуд ӯ.

Бояд зикр кард, ки айни ҳол дар атрофи ин ду бинои фарҳангии пойтахт сохтмон идома дорад ва қисме аз Чойхонаи “Роҳат” тахриб шудааст.

Чойхонаи “Роҳат” соли 1958 сохта шуда, яке аз маконҳои дидании пойтахт ба шумор меравад. Дар хусуси баҳси тахриби Чойхонаи “Роҳат” дар ин матлаб иттилои бештар дастрас аст: Тахриби чойхонаи “Роҳат” дубора “мавриди баррасӣ” қарор гирифтааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз аз соати 11:30 то 16:00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи Ҷопон дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар давоми рӯз дар ошёнаи аввали...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...