Куштор дар соли 1993. Ҷустуҷӯи муттаҳам ба қатли директор ва оилаи ӯ дар Дӯстӣ идома дорад

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Додситони вилояти Хатлон ба зердастонаш дастури қатъӣ додааст, ки як муттаҳам ба куштори директори мактаб ва оилаи ӯ дар ноҳияи Дӯстӣ дар соли 1993-ро пайдо ва боздошт намоянд. Ду муттаҳами дигар чанде пештар боздошту барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуда буданд.

Авазҷон Назарзода, додситони вилояти Хатлон 24-уми июл зимни нишасти матбуотӣ гуфт, барои пайдо ва боздошт кардани охирин муттаҳам ба қатли директори мактаб дар ноҳияи Дӯстӣ ва оилаи ӯ дар соли 1993 ба зердастонаш дастури қатъӣ додааст.

Мирзо Одинаев, директори мактаби №11-и ноҳияи Дӯстӣ ва зану се фарзанди ноболиғаш 20-уми марти соли 1993 кушта шуданд. Бо гузашти 31 сол, 10-уми июни соли 2024 додгоҳи вилояти Хатлон ду сокини ноҳияи Дӯстӣ – Зайниддин Баходиев ва Абдураҳмон Тағаевро барои ин куштор муттаҳам донист ва ҳардуро ба муҳлати 15 солӣ аз озодӣ маҳрум кард.  Вале Ортиқ Файзуллоев, нафари сеюм, ки дар ин куштор гумонбар дониста мешавад, то ҳол боздошт нашудааст.

Зимни муҳокимаи додгоҳӣ таъкид гардидааст, ки Одинаев ва оилаи ӯро Зайниддин Баходиев, Абдураҳмон Тағаев ва Ортиқ Файзуллоев бо маслиҳати пешакӣ ба лаби заҳбур бурда, ба хотири ба вазифаи директори мактаб таъин кардани одами худашон бо истифода аз яроқи оташфишон ба қатл расонидаанд.

Дар нишасти ахири матбуоти додситони Хатлон гуфт, ки “парвандаи мазкур зери назорати қатъӣ қарор дорад ва кӯшиш мекунанд ҷиноят то охир кушода шуда, ҳамаи ҷинояткорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд”.

“Ҷинояти куштор муҳлати гузариш надорад ва мо тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳем, ки ҷинояти куштору ғоратгарӣ, ки солҳои пеш содир шудаанд, кушода шаванд. Аз ҷумла, нафари сеюми гумонбар дар куштори Мирзо Одинаевва оилаи ӯ боздошту муҷозот гардад”, – гуфт Аваз Назарзода.

Ёдовар мешавем, ки дар 6 моҳи соли равон додситонии вилояти Хатлон якҷо бо гурӯҳи фаврии ВКД ва зерсохторҳои он дар вилоят 4 ҷинояти кушору ғоратгарии солҳои пеш содиршударо ошкор ва муттаҳамонро ба додгоҳ супоридаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...