22 парванда барои номгузории ғайритоҷикӣ. Кумитаи забон ва истилоҳот барои пешгирии ғалатҳо чӣ кор мекунад?

Меҳрангез Султонзода, Asia-Plus

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби судҳои кишвар вобаста ба риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" 22 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ шуда, ба андозаи умумии 22 ҳазору 968 сомонӣ ҷарима таъйин гардидааст. Аз ин маблағ 9 ҳазору 936 сомонӣ ба фоидаи давлат рӯёнида шудааст. Дар ин бора Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба қавли Олимҷон Муҳаммадҷонзода, дар умум, дар ин муддат Кумита дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии “Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе” ва Прокурати генералии Тоҷикистон матни 246 навиштаҷоту овеза ва номгузории ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорони инфиродӣ, ки ба талаботи қонуни номбурда ҷавобгӯ нестанд, ошкор намудааст.

“Зимни санҷиш маълум гардид, ки аксари ин қонунвайронкуниҳо аз ноогоҳӣ ва надонистани талаботи қонун аз ҷониби соҳибкорон аст. Пас аз корҳои фаҳмондадиҳӣ ин ғалатҳо ислоҳ гардида, номгузории ғайритоҷикӣ иваз карда шуд” – гуфт раиси Кумита.

Муҳаммадҷонзода илова кард, ки қонунвайронкуниҳо дар самти риояи меъёру талаботҳои Қонун “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” нисбат ба солҳои гузашта камтар аст, вале шумораи мушаххасе наовард.

Ин дар ҳолест, ки кӯчаҳои шаҳру навоҳии кишвар пур аз овезаву навиштаҷоти нофаҳмову ғалат ва номувофиқ ба меъёри қонунгузории забони давлатӣ аст.

Чанд мисол аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе:

Бояд гуфт, барои риоя накардани қонун дар бораи забони давлатӣ моддаи 89-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон (Риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”) ҷарима таъин кардааст, ки барои шахсони воқеӣ ба андозаи аз 15 то 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли 2024 72 сомонӣ) ва барои шахсони мансабдор аз 30 то 40 нишондиҳанда барои ҳисобҳо мебошад.

Ёдовар мешавем, ки алҳол соҳибкорон бояд пеш аз қайди давлатӣ гузаштан бояд хулосаи Кумитаи забонро дастрас кунанд.

Дар Кумита гуфтанд, ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ ба ниҳод танҳо 11 муроҷиат оид ба номгузории муассиса ва ташкилот ворид гардидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта камтар аст. Дар 6 моҳи аввали соли 2023 барои гирифани хулоса оид ба номгузорӣ ба Кумита 35 муроҷиат ворид гардида буд.

Инчунин, дар ин давра Кумитаи забон ва истилоҳот ба номгузории 13 маҳалли аҳолинишин хулоса пешниҳод намудааст.

“Масъалаи ивази номҳои ғайримеъёрии маҳалҳои аҳолинишин то давраи соли 2023 ҳалли худро ёфтаанд ва минбаъд дар Кумита номҳои маҳалҳои аҳолинишини навбунёд ва ё ивази баъзе номҳои ғайримеъёрии маҳалҳои аҳолинишин мавриди баррасӣ қарор мегиранд” – қайд шуд дар нишаст.

Қонуни забони давлатӣ дар Тоҷикистон 5-уми октябри соли 2009 қабул шуда, забони тоҷикиро забони давлатӣ ва забони расмии коргузории кишвар муқаррар кард. Вале мақомот пайваста аз мавридҳои вайрон кардани қонуни забон ва ба ҷавобгарӣ кашидани шаҳрвандон, махсусан соҳибкорон ва мансабдорон хабар медиҳанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари давлатӣ ба Ӯзбекистон рафт, вориди шаҳри Тошканд шуд ва дар фурудгоҳи ин шаҳр ӯро Шавкат...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.

“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ

Агар умр вафо мекард, имрӯз Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон...

Раводид миёни Тоҷикистону Эрон бекор шуд. Равуои сайёҳон чӣ гуна афзоиш ёфт?

Аз лиҳози вуруди сайёҳон ба Тоҷикистон, Эрон миёни 20 кишвари аввал мақоми 8-умро касб кард.

Таҷлили Наврӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз

Бо дархости Тоҷикистон ва дигар кишварҳое, ки Наврӯзро ҷашн...

Муҳаммадбоқир Зулқадр ба ҷои Алии Лориҷонӣ дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон таъин шудааст

Муҳаммадбоқир Зулқадр аз фармондеҳони аршади собиқи Сипоҳи посдорони Эрон...