“Модарони ноболиғ”. Дар Суғд 12 ноболиғ ҳомила шудаанд

Давоми 6 моҳи аввали соли 2024 дар вилояти Суғд 12 ноболиғи то 17-сола ҳомила шуда, 6 нафари онҳо аллакай таваллуд кардаанд. Дар ин бора Раъно Рустамова, сармутахассиси Раёсати тандурустии вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” хабар дод. Ба иттилои ӯ, ноболиғони ҳомила дар шӯъбаи тиббӣ – машваратии ҷавонон, ки дар заминаи Маркази солимии репродуктивии вилоят ҷойгир аст, […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Давоми 6 моҳи аввали соли 2024 дар вилояти Суғд 12 ноболиғи то 17-сола ҳомила шуда, 6 нафари онҳо аллакай таваллуд кардаанд. Дар ин бора Раъно Рустамова, сармутахассиси Раёсати тандурустии вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ба иттилои ӯ, ноболиғони ҳомила дар шӯъбаи тиббӣ – машваратии ҷавонон, ки дар заминаи Маркази солимии репродуктивии вилоят ҷойгир аст, давраи ҳомилагиро мегузаронанд.

“Ҳамаи онҳо зери назоратанд. Ҳамчунин, аз ин ҳолат мақомоти ҳифзи ҳуқуқ огоҳ карда шудаанд”, – гуфт Раъно Рустамова.

Ӯ мегӯяд, ин “модарони ноболиғ” бо назардошти урфу одати миллӣ дар таваллудхонаи вилоятӣ ҷойгир шуда, онҷо таваллуд хоҳанд кард. Зеро, тибқи қонун ҳомилагии онҳо иҷозат набуда, метавонанд боиси хушунат нисбати ин ноболиғон шавад.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон духтарони то 18-сола бар асоси қонун ноболиғ дониста мешаванд ва ҳаққи шавҳар кардан ё ҳомидар шуданро надоранд. Дар сурати ошкор шудани ҳомилагии онҳо, омилони он муҷозот хоҳанд шуд.

Ҳамчунин, ҷомеаи суннатии тоҷик ҳам ҳомилагии ноболиғонро қабул надорад ва маҳкум мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.