Дар Тоҷикистон 1209 минтақаи хавфнок барои зиндагӣ ба қайд гирифта шудааст

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Имсол дар Тоҷикистон аз минтақаҳои хавфнок барои зиндагӣ кӯчонидани 175 хонавода ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар дода шуд. Соли равон бар асари офатҳои табиӣ зиёда аз 6500 нафар муваққатан кӯчонида шуданд.

Ба иттилои Кумита, имрӯз дар қаламрави кишвар 1209 минтақаи хавфнок (соли 2021 – 1471 чунин минтақа буд) барои ҳаёт ба қайд гирифта шуда, аҳолӣ аз ин ҷойҳо тадриҷан кӯчонида мешавад.

Зикр шуд, ки соли гузашта 225 хонавода аз чунин минтақаҳо ба ҷойҳои дигари амн кӯчонида шудаанд.

“Камшавии минтақаҳои хавфнок ба туфайли давра ба давра кӯчонидани сокинон, баргузор намудани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, инчунин корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ ва мақомоти маҳаллӣ имконпазир шуд, – гуфтанд дар ин ниҳод. –

Аз ҷумла, дар минтақаи Кӯлоб, ки хеле осебпазир дониста шуда, ҳукумат барои беҳбуди зерсохтор ва пешгирии ҳолатҳои фавқулода аз захираҳои давлатӣ маблағу воситаҳо ҷудо мекунад, натиҷаҳои кор аллакай аён аст: дар ин ҷо аз 15 апрел то охири моҳи май 256 ҳодисаи хатарноки табиӣ ба қайд гирифта шуда, лекин ба туфайли тадбирҳои андешида пешгирии бузургтар шудани миқёси онҳо муяссар гардида, зиёни расида ва теъдоди ҷабрдидагон кам шуд”.

Дар Кумита зикр карданд, ки барои сарвиақт андешидани тадбирҳо, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва дигар чораҳо оид ба омода намудани зерсохтор ба офатҳо, ҳукумат ба сурати умум 19 млн сомонӣ ҷудо кард.

Қаблан Кумита хабар дода буд, ки дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ бар асари офатҳои табиӣ дар ҷумҳурӣ 15 нафар ҳалок шуданд. Ҳаҷми умумии зарар аз ин ҳодисаҳо дар ин давра 130 млн 663 ҳазору 500 сомонӣ арзёбӣ шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...