Аз 10-уми август низоми раводид миёни Тоҷикистону Эрон лағв мешавад

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Шурӯъ аз 10-уми августи соли 2024 низоми раводид миёни Тоҷикистон ва Эрон барои 30 рӯз лағв мешавад. Ҳамакнун, шаҳрвандони ду кишвар метавонанд  дар давоми 90 рӯз аз лаҳзаи вуруди аввалинашон ба муҳлати 30 рӯз бидуни раводид ба ҳудуди тарафҳо сафар намоянд.

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, дар марҳилаи аввали амалишавии низоми бераводид танҳо нафароне имкони сафар ба ду кишварро доранд, ки аз масири ҳавоии Душанбе-Теҳрон ва Теҳрон-Душанбе истифода мебаранд.

Бояд гуфт, ки ҳайати вазирони Эрон ҳанӯз рӯзи 30-юми июн номаи тасвиби лағви раводид бо Тоҷикистонро имзо ва расонаӣ карда буданд. Бар асоси ин номаи тасвиб, Вазорати корҳои хориҷаи Эрон муваззаф шуда буд, ки муқаррароти лағви раводид миёни ҳукумати Эрон ва ҳукумати Тоҷикистонро иҷро кунад. 

Эрон низоми раводидро бо дарназардошти чор шарт лағв карда буд:

– давомнокии будубош: 30 рӯз;

– намуди сафар: танҳо сафари ҳавоӣ;

– масир: аз Душанбе ба Теҳрон ва баръакс;

шарти амали мутақобила: дар сурати амали мутақобилаи ҳукумати Тоҷикистон.

 

Таърихчаи лағви низоми раводид

Таърихи лағви низоми раводид миёни Тоҷикистону Эрон ба сафари охирини расиҷумҳури марҳуми Эрон Иброҳим Раисӣ ба Душанбе мепайвандад. Моҳи ноябри соли 2023 дар ҷараёни сафари Иброҳим Раисӣ ба Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум дар бораи лағви раводид ба имзо расида буд.

Он вақт гуфта мешуд, ки лағви раводид барои як моҳ дар назар аст ва он пас аз гузаштани расмиёти дохилӣ, эҳтимолан баъди як моҳ, расман ҷорӣ мегардад.

Ин санадро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имзо кард ва ҷузъиёти онро махзани ягонаи иттилоотию ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр намуд.

Дар он ҳадафи лағви раводид рушди муносибатҳои дӯстона миёни мардумони ду кишвар гуфта шудааст.

Сафари бидуни раводид бо мақсадҳои тиҷоратӣ, корӣ, сайёҳӣ ва ҳамлу нақли байналмилалии бор ва мусофирон имконпазир аст. Аммо шаҳрвандони ду кишвар, ки барои таҳсил, фаъолияти меҳнатӣ ва матбуотӣ мехоҳанд ба кишварҳои ҳамдигар сафар кунанд, бояд раводид бигиранд.

Ғайр аз ин, яке аз шартҳои асосӣ ин аст, ки шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандон бояд на камтар аз 6 моҳ эътибор дошта бошад.

Чаро ва бо кадом мақсадҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ба Эрон мераванд, дар ин матлаби “Азия-Плюс” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...