ВКХ Қирғизистон: Гуфтушунидҳо оид ба марз бо Тоҷикистон ба наздикӣ анҷом меёбанд

Asia-Plus

Дар масъалаи сарҳади байни Қирғизистон ва Тоҷикистон "як қатор ҷузъиёт боқӣ мондаанд", ки ҳоло дар марҳилаи мувофиқа қарор доранд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар 6 моҳи соли 2024 вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Жээнбек Кулубаев хабар дод.

"Намояндагони Қирғизистон ва Тоҷикистон музокиротро оид ба масъалаи марзи давлатӣ идома медиҳанд. Роҳбарони давлатҳо масъаларо мефаҳманд ва дастур доданд, ки ҳама чиз дар кӯтоҳтарин муддат анҷом дода шавад. Шумо бояд фаҳмед, ки марз масъалаи хеле ҳассос буда, аз ин рӯ ҳоло музокирот фаъолона идома дорад ва мо мавқеъҳои тарафҳоро муқоиса мекунем. Ба фикри ман, дар кӯтоҳтарин муддат – ду-се моҳи оянда мо ин корро анҷом медиҳем", – гуфтааст Кулубаев.

Вазири корҳои хориҷии кишвари ҳамсоя инчунин илова кардааст, ки масъалаи марбут ба транзити нақлиёт барои сабук кардани гузариши шаҳрвандони Қирғизистон ва Тоҷикистон низ баррасӣ мешавад.

Қаблан, охири моҳи июл, дар нишасти матбуотӣ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода хабар дода буд, ки 94% марзи давлатии Қирғизистон ва Тоҷикистон аллакай тавсиф шудааст.

“То имрӯз 94 дарсади хатти сарҳад пурра муайян шудааст. Бовар дорем, ки ояндаҳои наздик ҳамааш мусбат ҳал мешавад”, – гуфта буд Аҳмадзода. – Рӯзҳои 21-24-уми июл намояндагони Қирғизистон ва Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз ҷойҳои баҳсии Чоркӯҳу Ворух боздид карданд, комиссия бисёр фаъол аст, Худо хоҳад, моҳҳои наздик санадҳо ба имзо расонида мешавад. Вохӯрии навбатӣ аз 11 то 17-уми август дар шаҳри Ботканди Қирғизистон баргузор мегардад”.

Дар ҳамин ҳол, Аҳмадзода дақиқ нагуфта буд, ки 6 дарсади дигари ҳалношуда дар кадом минтақаҳои баҳсӣ аст.

Намояндаи расмии Девони вазирони Қирғизистон оид ба масоили сарҳад Назирбек Борубаев дар мусоҳиба бо "Азаттык" хабар дод, ки 6% боқимондаи минтақаҳое, ки ҳалталабанд, дар "минтақаҳои мураккаб"-и ноҳияи Бодканд ҷойгиранд.

Масофаи умумии сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон 972 км аст. Дар мулоқоти соли 2022 сарони кишварҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон изҳор доштанд, ки дар бораи 664 км марзи давлатӣ ба мувофиқа расидаанд.

Бар асари номуайян будани хати марз дар минтақа бо сабабҳои тақсими обу замин ва роҳу чарогоҳҳо мухолифатҳо рӯйи кор меомаданд. Моҳҳои апрел-майи соли 2021 ва моҳи сентябри соли 2022 дар марзи байни кишварҳо низоъҳои бузургмиқёс рух дода, дар натиҷа даҳҳо нафар ҳалок шудаву осеб диданд.

Пас аз муноқишаҳо сарҳад байни Тоҷикистон ва Қирғизистон баста шуд. Аз соли 2022 то имрӯз даҳҳо вохӯриҳо дар масъалаи марз миёни ду кишвар баргузор шуд ва дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳам борҳо “Оши оштӣ” ташкил карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...