Дар роҳи Душанбе – Чаноқ 6 нуқтаи нерудиҳӣ барои электромобилҳо ба кор медароянд

Asia-Plus

Филиали ширкати Innovative Road Solutions (IRS) дар Тоҷикистон ба наздикӣ дар роҳи Душанбе – Чаноқ кори 6 нуқтаи нави нерудиҳӣ барои мошинҳои барқӣ (электромобилҳо)-ро ба роҳ мемонад. 

Тавре ки аз ширкат хабар доданд, нуқтаҳои мазкур дар километрҳои 11, 15 (ноҳияи Варзоб), 107, 130 (ноҳияи Айнӣ), 284 (ноҳияи Ҷаббор Расулов), 300 (шаҳри Хуҷанд)  ва 322 -юм (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров)   ҷойгир шуда, дар онҳо барои неругирии автомобилҳо тамоми шароит фароҳам хоҳад шуд.

Дар ширкат зикр мекунанд, ки чанде пеш дар дар воситаҳои ахбори омма ронандагони ин намуди автомобил аз набудани нуқтаҳои нерудиҳии электромобил дар роҳи Душанбе – Чаноқ нигаронӣ карда буданд.

"Барои фаъолияти пурмаҳсули нуқтаҳо 60 адад таҷҳизоти нерудиҳӣ бо иқтидори 180 киловат ҳар кадом ворид карда шудааст. Дар ҳар як  нуқтаи хизматрасонӣ  аз 5 то 10  таҷҳизоти нерудиҳӣ насб мешавад, ки ҳар кадом бо ду хати нерудиҳӣ метавонад дар як вақт то 20 электромобилро бо неруи барқ таъмин намоянд", – омадааст дар хабари ширкат.

Фаъолияти нуқтаҳо хатҳои барқи барқ ва трансформаторҳои  истифодаи умум сарборӣ эҷод намекунанд.  Барои пешбурди фаъолияти нуқтаҳо трасформаторҳои шаҳру навоҳӣ истифода нашуда, аз ҷониби “IRS” хати алоҳидаи интиқоли барқ  кашида шуда, трасформаторҳои замонавии пуриқтидор насб хоҳанд шуд.

Пардохти маблағи нерудиҳии автомобил низ хеле қулай буда,тавассути qr –код аз тариқи spitamenpay (замимаи яке аз бонкҳои пешсафи мамлакат)  ва замимабарномаи филиали Ширкат  – Irs UltraEvs имконпазир аст.

Ба ғайр аз ин шаҳрвандон метавонанд аз нуқтаи зикршуда кортҳои амалисозии пешпардохтро дастрас намуда, онро мунтазам (дар заминаи пур намудани суратҳисоб) истифода намоянд.

Дар нуқтаҳои мазкур технологияи пешрафтаи пархохти ҳаққи  истифодаи неруи барқ ва ҳисобкунакҳои электронии низоми CТ – VТ  насбу истифода шуда, тариқи дақиқияти истифодаи  неруи барқ таъмин ва талафоти он пешгирӣ мегардад. Ч чунин технология дар кишвар назир надошта, аввалин маротиба аз ҷониби “IRS”  роҳандозӣ хоҳад гашт. Ин нуқтаҳо хатҳои уфуқӣ, камераҳои мушоҳидавӣ ва бунгоҳи назоратӣ дорад.

Гуфта мешавад, роҳбарияти “IRS”  тасмим доранд, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳое, ки роҳи Душанбе – Чаноқ аз онҳо мегузарад чунин нуқтаҳоро ба истифодаи сокинон вогузоранд.

Филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Тоҷикистон, ки дар асоси шартномаи конссесионӣ бо ҳукумати ҷумҳурӣ таъсис дода шудааст, Оператор оид ба нигоҳдорӣ ва хизматрасонии роҳи Душанбе – Чаноқ маҳсуб меёбад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...