Сармоягузори асосӣ ба иқтисоди Тоҷикистон кист?

Меҳрангез Султонзода, Asia-Plus

Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 1,95 млрд доллари ИМА сармояи хориҷӣ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 45,9% бештар аст.

Аз ин маблағ, 153,9 млн доллари ИМА сармояи мустақими хориҷӣ будааст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ иттилоъ дода шуд.

Тибқи маълумоти Кумита, дар нимсолаи аввали соли 2024 дар кишвар 88 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 4,65 млрд доллар амалӣ шудааст.

Аз ин метавон хулоса кард, ки қисми асосии сармоягузорӣ ба иқтисоди кишвар аз ҳисоби буҷаи давлатӣ аст. Дар ҳоле, ки дар кишварҳои дигари минтақа ҳиссаи сармоягузорони хориҷӣ ва сармоягузории аҳоли бештар аст.

 

Ба иттилои Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Тоҷикистон низ дар самти ҷалби бештари сармояи мустақим тадбирҳои мушаххас меандешад. Ба гуфти ӯ, яке аз механизмҳои асосии ҷалби сармоя муаррифии имкониятҳои сармоягузории кишвар аст. Дар ин давра барои муаррифии дурусти имкониятҳои сармоягузорӣ ва соҳибкории Тоҷикистон 8 форуми сармоягузорӣ-соҳибкорӣ дар хориҷи кишвар ташкил шудаанд. 

“Яке аз самтҳое, ки мо дар ин қисмат талошҳои худро зиёд карда истодаем, ин имкониятҳои сармоягузории сабз аст. Тамоюли имрӯзаи ҷаҳонӣ талаб мекунад, ки сармоягузорӣ сабз шавад, яъне лоиҳаҳое бояд сармоягузорӣ шаванд, ки дар рушди иқтисоди сабз саҳмгузоранд. Дар ин қисмат маҳз энергияи сабз нақши калидиро мебозад. Аз ин рӯ метавон гуфт, ки Тоҷикистон барои ба кишвари сармоягузории сабз табдил ёфтан, тамоми имкониятҳоро дорад”, – изҳор дошт Раҳимзода. 

Самти дигар барои ҷалби сармоягузории бештар ба Тоҷикистон ин истихроҷу коркардаи маъданҳои табиӣ аст. Ба гуфтаи Султон Раҳимзода, Кумита дар ин самт низ кор карда истодааст ва барои бештар кардани сармоягузорӣ дар бахши коркарди маъданҳо ба истеҳсолкунандагон барои гирифтани “сертификати сабз” мусоидат мекунад. 

“Мис ва алюминӣ, ки дар Тоҷикистон коркард мешаванд, аллакай бо талошҳои Вазорати саноат ва технологияҳои нав сертификати сабз доранд. Дар маҷмӯъ аз 12 номгӯи маъданҳои асосие, ки барои гузариш ба иқтисоду истеҳсоли сабз лозиманд, 10 номгӯи он дар Тоҷикистон мавҷуданд ва 6 навъи он аллакай коркард мешавад. Имкониятҳо дар ин самт фарроханд ва мо кӯшиш мекунем ба онҳоро истифода барем”, – афзуд раиси Кумита.

Султон Раҳимзода илова кард, ки аз 3 созишномаи охири сармоягузорӣ агар яктоаш аз ширкати кореягӣ бошад, дуи дигараш аз ширкатҳои маҳаллианд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...