Кӯдакони муҳоҷирон бо забони русӣ мушкилӣ доранд, – таҳқиқот

Asia-Plus

Дар назарсанҷии иҷтимоии Маркази таълими муттасили Пажуҳишгоҳи таҳқиқоти амалии иқтисодии Академияи хоҷагии халқ ва хидмати давлатии Русия (ИПЭИ РАНХиГС) 53%-и омӯзгорон дар мактабҳои Русия чунин изҳори назар кардаанд, ки кӯдакони муҳоҷирон дар омӯзишу донистани забонӣ русӣ ба мушкилиҳо дучор мешаванд.

Ба навиштаи “Ведомости”, назарсанҷӣ 2064 нафар муаллимони мактабҳои вилоятҳои Новгород, Челябинск ва Ярославлро фаро гирифтааст.

Гуфта мешавад, 42%-и пурсидашудагон изҳор доштаанд, ки кӯдакони муҳоҷирон бо забони русӣ мушкилӣ надоранд ва боз 5,5% аз посух ба савол душворӣ кашидаанд.

49,5% бар ин назаранд, ки ин кӯдакон дар азхудкунии фанҳо мушкилӣ дошта 47% инро рад ва 4% аз ҷавоб ба савол душворӣ кашидаанд. Аксарият (80%) гуфтаанд, ки одобу ахлоқ ва интизоми кӯдакони муҳоҷир қаноатбахш буда, 15%-и омӯзгорон изҳор доштаанд, ки он ғайриқаноатбахш аст. 70% ҳамчунин зикр кардаанд, ки онҳо дар гуфтугӯ душворӣ надошта, 22,2% инро рад кардаанд (8,2% аз посух ба савол душворӣ кашидаанд). 

Теъдоди кӯдакони муҳоҷирон (шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандӣ) дар мактабҳои Русия дар соли 2023 ҳудуди 181,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад (178,9 ҳазор ё худ 98,6% – кӯдакони шаҳрвандони хориҷӣ ва 2600 нафар ё худ 1,4% – кӯдакони шахсони бешаҳрвандӣ).

Муаллифи таҳқиқот, корманди Пажуҳишгоҳ Алексей Тишенко ишора кардааст, ки кӯдакони муҳоҷирон аз лиҳози сатҳи донистани забони русӣ ва фанҳои таълимӣ ба таври назаррас фарқ мекунанд ва ба онҳо муносибати инфиродӣ зарур аст. Одатан мактабҳо бо назардошти имконоти худ, тадбирҳои кор ба кӯдакони муҳоҷирро мустақилона муайян мекунанд.

Қаблан раиси Кумитаи Думани давлатӣ оид ба умури ИДМ Леонид Калашников (аз ҳизби коммунисти Русия) изҳор дошта буд, ки ҳуқуқи кӯдакони муҳоҷирон нисбат ба кӯдакони Русия набояд маҳдуд шавад.

Раиси шӯрои маркази фарҳангии Тоҷикистон Хуршеда Ҳамроқулова зикр мекунад, ки агар кӯдакон таҳсилро дар мактабҳо аз синфи 1-2 оғоз кунанду агар ҳатто забони русиро хуб надонанд ҳам, хеле зуд мутобиқ мешаванд.

“Кӯдакон дар аввал на он қадр ба забон таваҷҷуҳ медиҳанд, лекин аллакай дар синфҳои 3-4 онро хуб омӯхтаву хуб таҳсил мекунанд. Муҳимаш дар ин раванд – мунсибати хуб бо онҳо дар синф, инчунин муносибати бодиққат аз ҷониби омӯзгорон ва волидон аст”, – изҳор доштааст ӯ.

Ба гуфтаи номбурда, мушкилот замоне пайдо мешавад, ки кӯдак тамоман забонро намедонад ва таҳсилро якбора аз синфҳои 8-9 оғоз мекунад, ки барои кӯдак душвор аст, зеро ҳар қадр, ки ӯ калонтар бошад, ҳамон қадр азхудкунии забон душвортар мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...