Вакили дифои як гумонбари ҳамла ба “Крокус” аз тамдиди муҳлати ҳабси пешакӣ шикоят кард

Asia-Plus

Вакили дифои Муҳаммадсобир Файзов, яке аз гумонбарони ҳамла ба “Крокус Cити Ҳолл” дар канори Маскав аз қарори додгоҳ дар мавриди тамдиди ҳабси пешакии зерҳимояаш шикоят кардааст.

Дар ин бораи хабаргузории ТАСС иттилоъ дода, менависад, ки “маълумоти дахлдор дар картотекаи электронии парванда сабт шудааст”.

“Додгоҳ шикояти Файзовро дар картотека сабт кардааст”, – менасиад ТАСС.

Бояд гуфт, муҳлати ҳабси пешакии Муҳаммадсобир Файзов якҷо бо се гумонбари дигари ҳамла ба “Крокус” 16-уми август аз Додгоҳи Басманнийи Маскав маротибаи дуюм барои 3 моҳ тамдид карда шуд. Ӯ ҳамакнун то 22-юми ноябри соли 2024 дар ҳабси пешакӣ хоҳад буд.

Як рӯз баъди ин қарори додгоҳ ТАСС навишт, “вакили дифои Муҳаммадсобир Файзов аз додгоҳ хост, бо сабаби вазъи бади саломатӣ зерҳимояаш аз ҳасб дар боздоштгоҳ раҳо карда шавад”.

Зоҳиран, ин дархост низ рад карда шудааст.

Муҳаммадсобир Файзов 20 сол дошта, пеш аз боздошт дар яке аз сартарошхонаҳои шаҳри Ивановои Русия ба ҳайси сартарош кор мекард. Бархе аз муштариён маҳз барои хидмати ӯ ба ин сартарошхона меомадаанд.

Ӯ рӯзи 23-юми март бо се тан аз гумонбарони дигари ҳамлаи террористӣ ба “Крокус” –  Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Фаридуни Шамсидин боздошт шуд.

Шеваи боздошту ба ҳабс гирифтани онҳоро ҳомиёни ҳуқуқи инсон интиқод каранд. Ҳамаи онҳо дар додгоҳ бо рӯи кафидаву осори зарбу лат намудор шуданд.

Мувофиқи ҳуҷҷатҳои судӣ вобаста ба ин ҳодиса дар умум 18 нафар дар боздошт қарор доранд.

Ёдрас мекунем, ки амали террористӣ дар толори “Крокус Сити Холл”-и вилояти Маскав шоми рӯзи 22 март рух дод. Пеш аз оғози консерти гурӯҳи “Пикник” мардони мусаллаҳ ба тирпаронӣ дар толор оғоз намуданд, ки дар пайи он сӯхтор сар зада, майдони 13 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифт. Бар асари ин амали террористӣ 145 нафар ҳалок шуда, зиёда аз 550 кас осеб диданд.

Масъулияти ҳамларо бахши афғонистонии созмони террористии "Давлати исломӣ" – Вилояти Хуросон ба уҳда гирифт.

Баъди ҳамлаи террористӣ фишор болои муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби мақомоти Русия ва бегонаситезӣ аз сӯйи афроди алоҳида бештар шуд.

Маълумоти бештар дар бораи ин ҳодиса ва ҷараёни боздошти гумонбаронро дар ин пайванд хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...