ВКД вуҷуди “ҷин” дар Ваҳдатро рад ва баъзе ҷузъиёти онро ошкор кард

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилӣ бо интишори як гузориш дар барномаи “Ахбори ВКД” пайдо шудани шабаҳ ё “ҷин” ва дар пайи он, дастгир шудани як шаҳрванди африқоӣ дар шаҳри Ваҳдатро шарҳ дод.

Ин ниҳод гуфтааст, ки вуҷуди “ҷин” дар Ваҳдат, ки сокинони ин шаҳрро ба ташвиш овардааст, асосӣ воқеӣ надорад.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки “нафарони ҳангомаҷӯ бо сабт ва паҳн кардани ҳар гуна наворҳои муқаррарӣ ва бо шарҳи нодуруст дар шабакаҳои иҷтимоӣ сокинони шаҳри Ваҳдатро ба ташвиш овардаанд”.

Дар гузориш омадааст, навори чанд рӯз пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳнгардида дар бораи он ки дар ҷамоати Раҷаб Исмоилови шаҳри Ваҳдат гӯё “ҷин” ба ҷавони 19-сола Назруллоев Ҷовидон таъсир расонида ва як сар гӯсфанди ӯро сар аз тан ҷудо кардааст, бардурӯғ паҳн шудааст.

Назруллоев Ҷовидон дар гузориш ҳодисаро чунин шарҳ додааст: “Ҳар бегоҳӣ гусфандҳоямро ба боғ бурда мечарондам. Рӯзи 17-уми август дар байни гӯсфандонам яктояш ғалтид ва дигар нахест. Ман хаёл кардам, ки ҳаром шуд, кордро гирифта хостам онро ҳалол кунам. Дар ҳаётам молро накушта будам ва ин аввалин бор буд. Вақти куштани гӯсфанд дар сару рӯям хун парид ва ман аз ҳуш рафтам. Дигар ягон чӣ дар хотирам нест. Байни мардум овозаҳое паҳн шуда, ки гунг шудааст, мурдааст, “ҷин” задааст, ин гапҳо ҳама дурӯғ аст”.

Нафаре, ки ин ҳолатро сабт кардааст, суханони Ҷовидонро тасдиқ карда, мегӯяд, “вақте шаби 17 аз кӯча мегузаштам, дидам, ки гӯсфанд гарданаш бурида шудааст ва кӯдак беҳуш аст. Ин ҳолатро навор гирифа ба бародаронам равон кардам. Ва ин навор дар интернет паҳн шуд”.

ВКД аз ин нафар ном набурдааст ва ҳам маълум нест, ки навор таҳти кадом шароит сабт шудааст.

Дар гузориш, ҳамчунин, навори боздошт шудани як шаҳрванди африқоӣ дар пайи пайдо шудани махлуқ дар Ваҳдат шарҳ дода шудааст. Тибқи иттилои ВКД, кормандони милитсияро ду ҷавон ҳангоми муайян кардани шахсияти як шаҳрванди хориҷӣ ба навор гирифта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кардаанд ва онро ба овозаҳо дар бораи пайдо шудани “ҷин” дар Ваҳдат рабт додаанд.

ВКД аз онҳо Шокиров Муҳаммадрофеъ, сокини шаҳри Ваҳдат ва Раҷабов Шаҳром, сокини шаҳри Душанбе ном мебарад, ки соли таваллудашон 2005 будааст.

Яке аз онҳо мегӯяд, “рӯзи 17-уми август дар шаҳри Ваҳдат деҳаи Хоҷабойқул вақте милитсия як нафари сиёҳпӯстро барои шахсияташро фаҳмидан ба мошин бор мекард, мо ин ҳолатро ба навор гирифта, дар интернет паҳн кардем, ки гӯё вай ҳамон “ҷин” мебошад”.

Пулис ин ду нафарро барои итоат накардан ба талаботи милитсия ҳабси маъмурӣ кардааст.

Аммо ВКД боздошти ин марди африқоиро мушаххас шарҳ надодааст. Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои боздошти ӯ паҳн шуданд. Дар ин наворҳо гуфта мешуд, ки ин мард Дани ном дошта, шаҳрванди давлати Уганда будааст. Аз он ки ин африқоӣ чӣ гуна ба Тоҷикистон омада ва виза дарёфт кардааст, чизе гуфта намешавад.

Ёдрас мешавем, ки қаблан Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, “ин хабар ягон асосӣ воқеӣ надорад ва бардурӯғ паҳн шудааст”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Тахриби манзил дар Тоҷикистон: чӣ гуна метавон ҷуброн гирифт?

Шарҳи ҳафт масъалаи муҳиму рӯзмарра дар бораи гирифтани ҷубронпулӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...