Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои паралимпии Порис ширкат намеварзанд

Asia-Plus

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XVII паралимпӣ, ки аз 28-уми август то 8-уми сентябр дар Порис баргузор мешаванд, ширкат намекунанд.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” Абдурауф Алимов, раиси Кумитаи паралимпии Тоҷикистон хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ягон нафар аз Тоҷикистон барои ширкат дар ин мусобиқа роҳхат ба даст наовардааст.

Бояд гуфт, ки Бозиҳои паралимпӣ мусобиқаи байналмилалӣ барои маъюбон мебошад, ки ҳар чаҳор сол пас аз Бозиҳои олимпӣ баргузор мешавад.

“Ин мусобиқа барои паралимпиҳои тоҷик хеле муҳим аст, аммо дар давраи интихобии гузашта ҳеҷ яке аз онҳо натавонистанд меъёри зарурии ширкат дар Паралимпиадаи Парижро иҷро кунанд”, – гуфт Алимов.

Барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои паралимпии соли 2024, ба варзишгарони мо ишғол кардани мавқеъҳои муайян дар рейтингҳои ҷаҳонӣ муҳим буд. Барои ин ба варзишгарон лозим буд, ки дар марҳилаи интихобии мусобиқоти ҷаҳонӣ ширкат варзида, барои рейтинг хол ба даст оваранд.

“Теъдоди чунин мусобиқаҳо барои варзишгарон аз Тоҷикистон кам буд, аз ин рӯ дарёфти муҷаввиз имкон надошт. Ҳамчунин, ба далели набуди манобеъи молӣ варзишгарони тоҷик натавонистанд дар бисёре аз мусобиқоти муҳим ширкат кунанд”, – афзуд ӯ.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон бори нахуст дар соли 2004 – дар Афина дар Бозиҳои паралимпӣ ширкат карда буд. Варзишгарон аз Тоҷикистон то имрӯз аз Бозиҳои паралимпӣ ягон медал ба даст наовардаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...