Марҳилаи дуюми сохтмони нақби “Истиқлол” охири моҳи сентябр ба итмом мерасад

Нигина Аслонова, Asia-Plus

То охири моҳи сентябр анҷоми корҳои марҳилаи дуюми сохтмони нақби “Истиқлол” ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар доданд.

Дар Вазорат зикр карданд, ки айни замон корҳои насби таҷҳизоти ҳавософкун, равшанидиҳанда, низоми оташнишонӣ, ноқилҳо ва низоми бехатарӣ ба охир расидааст.

“Ба наздикӣ насби панелҳои ҷараёни тағйирёбандаи шиддати миёна ва пастро оғоз мекунем. Онро аз Қазоқистон фармоиш додем. Қисмҳояшон ҳозир дар сарҳади Тоҷикистон қарор доранд ва мунтазирем, ки то охири ҳафта ба мо мерасанд”, – гуфтанд дар Вазорат.

Зимнан зикр шуд, ки пас аз анҷоми ин корҳо комиссия таъсис дода шуда, омодагии нақбро барои истифода месанҷад.

Ёдрас мекунем, ба идомаи корҳои сохтмон дар нақби мошингарди “Истиқлол” ширкати эронии “Фароб” машғул аст. Арзиши умумии марҳилаи дуюми лоиҳа 11 млн долларро ташкил медиҳад. Аз ин маблағ 50% аз буҷети Тоҷикистон ҷудо гардида, қисмати боқимонда аз ҷониби Эрон дар шакли таҷҳизот бар асоси бебозгашт пешниҳод шуд.

Маълумотномаи "Азия-Плюс"

Сохтмони нақби мошингарди “Истиқлол” соли 2003 дар чаҳорчӯби созишномаи дахлдор миёни Тоҷикистону Эрон оғоз гардида буд. Дар аввал ҳаҷми маблағгузорӣ 39 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Аз ин миқдор $10 млн. маблағгузории бурсии ҳукумати Эрон, $7,8 млн. – ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон ва $21,2 млн. – қарзи ҷониби Эрон буд.

Маросими расмии ба истифода додани нақби “Истиқлол” соли 2006 бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон – Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод баргузор шуд. Лекин аз сабаби хатои лоиҳакашон, аз дохили нақб об ҷорӣ мешуд.

Моҳи апрели соли 2014 корҳои бозсозии нақби “Истиқлол” дубора шурӯъ шуд, вале аз сабаби қатъи маблағгузорӣ он боздошта шуд. Ҳукуматҳои Тоҷикистону Эрон ҷиҳати ҷудо кардани 6 млн доллар маблағи иловагӣ (3 млн долларӣ аз ҳарду ҷониб) барои анҷоми сохтмони иншоот ба мувофиқа расиданд.

Лекин сипас соли 2016 муносибатҳо байни кишварҳо ба сардӣ гароида, танҳо соли 2019 бо беҳтар шудани онҳо корҳо аз нав шурӯъ шуданд.

Соли 2021 ҷонибҳо ҷиҳати ҷудо кардани маблағи иловагӣ (5,5 млн доллар аз ҳаоду ҷониб) барои анҷоми сохтмони иншоот ба мувофиқа расида, корҳо аввали моҳи июни ҳамон сол оғоз шуданд.

Нақби “Истиқлол” дар 90 километрии шимоли Душанбе, дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд воқеъ буда, аз зери ағбаи баландкӯҳи Анзоб мегузарад. Масофаи нақби “Истиқлол” 5,2 километр аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...